ВКД даст доштанашро дар ирсоли хабарҳо бо таҳдиди назорати табодули маълумот рад кард

Ирсоли хабарҳоро бо огоҳӣ дар бораи оқибатҳои манфии табодули маълумот дар бораи коронавирус, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва мессенҷерҳо хеле зиёд интишор шудаанд, дар ВКД Тоҷикистон рад карданд. Чанд рӯз инҷониб ба сокинони Тоҷикистон дар мессенҷерҳо (Viber, Telegram, Whatsapp, Imo) гӯё аз номи ВКД ва КДАМ паёмак (смс) ва хабар ирсол шуда, дар он гуфта […]

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Ирсоли хабарҳоро бо огоҳӣ дар бораи оқибатҳои манфии табодули маълумот дар бораи коронавирус, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва мессенҷерҳо хеле зиёд интишор шудаанд, дар ВКД Тоҷикистон рад карданд.

Чанд рӯз инҷониб ба сокинони Тоҷикистон дар мессенҷерҳо (Viber, Telegram, Whatsapp, Imo) гӯё аз номи ВКД ва КДАМ паёмак (смс) ва хабар ирсол шуда, дар он гуфта мешавад, табодули маълумот дар бораи коронавирус, ҳатто шӯхӣ “метавонад муқобили муаллиф истифода шавад”.

“Аз пагоҳ сар карда, қоидаҳои нави иртибот пайдо мешаванд. Ҳама зангҳо сабт карда мешаванд. Ҳама паёмҳо ва зангҳо аз сайтҳо сабт мешаванд. Мониторинги Twitter, Facebook, ҳамаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва форумҳо.

Бигзор онҳое, ки намедонанд. Ҳама дастгоҳҳо ба системаҳои шӯъбаи хизматрасонии занги овозӣ ва CDMX-и ҳукумат пайваст карда шудаанд. Эҳтиёт шавед, ки паёмҳои зиёдатӣ ва иттилоотро хилофи қонунҳо ва ахлоқ фиристед.

Аз мубодилаи маълумоти махфӣ бо дӯстон ва хешовандон худдорӣ намоед. Ба фарзандони худ гӯед ва хеле эҳтиёт шавед!

Расонидани ин паём танҳо имрӯз муҳим аст. Зеро аз фардо дар кишвар аллакай шакли дигари мушоҳида вуҷуд дорад.

Аҷиб, аммо ҳақиқат аст. Имрӯз онро танҳо ба ҳамаи наздикон ва дӯстони худ фиристед. “Ҳар он чизе ки шумо менависед ё мегӯед, мумкин аст бар зидди шумо истифода шавад, ҳатто ҳар шӯхӣ!”, – гуфта мешавад дар ин хабару паёмакҳо.

Дар ВКД Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” дар мавриди ин масъала изҳор доштанд, ки ба ҳеҷ касе чунин хабарҳо нафиристода, чизе, ки дар онҳо гуфта мешавад, асоси воқеӣ надорад.

“Мо барои нашри маълумот сомонаи расмӣ дорем. Ҳеҷ гоҳ ба сокинон паёмак (смс) ва он ҳам бо чунин мундариҷаю хатоҳои зиёд ирсол накардаем. Ин гуна хабарҳоро аз номи мо афроди манфиатдор ва гурӯҳи шахсон бо мақсадҳои гуногун паҳн мекунанд. Шахсоне, ки чунин матнҳо, ахбори бардурӯғ ва маълумоти барангезандаи нооромиву бесарусомониро нашр мекунанд, мувофиқи қонунгузории Тоҷикистон ҷазо мегиранд”, – хабар доданд дар хадамоти матбуот.

Зикр шуд, ки мутаассифона, дарёфти сарчашмаи нахусти чунин маълумот хеле душвор аст, лекин кормандони ВКД дар ин самт тадбирҳо андешида истодаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст