Ду бинои баландошёнаи пойтахт беморхона мешаванд

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо рафти иҷрои корҳо дар сохтмони беморхонаҳо барои сироятёфтагон аз коронавирус шинос шуд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт, ӯ аз ду бинои сохтмонаш нотамом боздид карда, ба сохторҳои дахлдори шаҳр дастур дод, ки яке аз онҳо дар муддати 3 рӯз барои қабул ва муолиҷаи 600 нафар сироятёфтагон тайёр […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо рафти иҷрои корҳо дар сохтмони беморхонаҳо барои сироятёфтагон аз коронавирус шинос шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт, ӯ аз ду бинои сохтмонаш нотамом боздид карда, ба сохторҳои дахлдори шаҳр дастур дод, ки яке аз онҳо дар муддати 3 рӯз барои қабул ва муолиҷаи 600 нафар сироятёфтагон тайёр карда шавад.

Ӯ ҳамчунин супориш дод, ки беморхона бо тамоми шароити муосири замонавӣ, бахусус, мутахассисони баландихтисоси соҳибтаҷриба, таҷҳизоти тиббӣ ва дорувории баландсифат барои истифодабарӣ таъмин шавад.

Зикр мешавад, ки беморхона  дар бинои 6-ошёнаи ҳозиразамон дар масоҳати беш аз 14 ҳазору 200 метри мураббаъ ҷойгир буда, аз 110 утоқи муолиҷавӣ ва 24 утоқи кори табибон, кабинетҳои доругузаронӣ ва табобатии соҳавӣ, ошхонаи замонавӣ барои 200 нафар дар як вақт ва дигар инфрасохтори зарурӣ иборат мебошад ва дар наздиктарин фурсат бо катҳои хоб ва доруворию таҷҳизоти тиббии муосир муҷаҳҳаз гардонида мешавад.

То 4-уми май дар мамлакат 230 ҳолати сироятёбии шаҳрвандон ба коронавируси нави COVID-19 ошкор шудааст. Аз ҷумла, 110 ҳолат дар шаҳри Душанбе, 22 ҳолат дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, 7 ҳолат дар ВМКБ, 21 ҳолат дар вилояти Хатлон ва 70 ҳолат дар вилояти Суғд.

Бинои дуюм (10 ҳазору 355 метри мураббаъ) аз 8 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар он утоқҳо барои қабул ва табобати беморон, утоқҳои кори табибон ва духтурони соҳавӣ, ташхисгоҳ, утоқҳои махсус барои нигоҳдории доруворӣ ва таҷҳизоти тиббӣ, 3 адад лифт, ҳуҷраҳои техникӣ, толори варзишӣ ва маҷлисгоҳ, ошхонаи замонавӣ, утоқҳои шустушӯй ва дигар иншооти зарурӣ пешбинӣ шудаанд.

Раиси шаҳр дар ҷараёни боздид аз иншоот мақомоти дахлдор ва масъулини соҳаро вазифадор кард, ки бо назардошти вазъи имрӯзаи ҷаҳони муосир корҳои сохтмону васлгарӣ ва рангу пардози биноро дар муҳлати 1 моҳ ба анҷом расонда, онро барои муолиҷаи то 200 нафар гирифторони бемориҳои сироятӣ бо тамоми шароити муосири замонавӣ омода кунанд.

Раиси шаҳр ҷараёни корҳои омодагӣ ва ташкилиро дар беморхонаи дигари табобатӣ барои бемориҳои сироятӣ, алалхусус, беморони сироятии короновирус COVID-19 аз назар гузаронид.

Ёдрас мекунем, ки қаблан раиси шаҳри Душанбе дастур дода буд, ки дар фурсатҳои кӯтоҳтарин аз ҳисоби имконот ва захираҳои мавҷуда барои муолиҷаи сироятёфтагон беморхонаҳои муваққатӣ бо 3 ҳазор ҷой тайёр карда шаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст