Ҳалокати 2 нафар аз зарби корд тӯли як шабонарӯз

Кормандони милитсия 7-уми май ду шаҳрвандро ба гумони даст доштан дар куштори барқасдона боздошт карданд. Бино ба маълумоти ВКД Тоҷикистон, сокини 17-солаи ҷамоати Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ дар саҳни ҳавлии истиқоматиашон бо модарандараш, зани 31-сола ҷанҷол карда, бо корди хоҷагӣ 1 маротиба ба пушташ задааст, ки аз ҷароҳати вазнини бардошта зан дар беморхона фавтидааст. Дар ҳодисаи дигар […]

Asia-Plus

Кормандони милитсия 7-уми май ду шаҳрвандро ба гумони даст доштан дар куштори барқасдона боздошт карданд.

Бино ба маълумоти ВКД Тоҷикистон, сокини 17-солаи ҷамоати Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ дар саҳни ҳавлии истиқоматиашон бо модарандараш, зани 31-сола ҷанҷол карда, бо корди хоҷагӣ 1 маротиба ба пушташ задааст, ки аз ҷароҳати вазнини бардошта зан дар беморхона фавтидааст.

Дар ҳодисаи дигар ҷавони 18-солаи сокини ноҳияи Восеъ дар маҳаллаи Гипроземи пойтахт бо марди 39-солаи сокини ҷамоати деҳоти Хонақои шаҳри Ҳисор ҷанҷол карда, бо корд ба узвҳои баданаш якчанд маротиба зарба задааст. Ҷабрдида аз ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар беморхона ҳалок шудааст.

Айни замон гумонбаршудагон дар боздоштгоҳ қарор дошта, аз рӯйи ин далелҳо тафтишот идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.