Бозорҳои либосфурӯшии Душанбе то охири моҳи май баста боқӣ мемонанд

Бо қарори шаҳрдории Душанбе муҳлати қатъи фаъолияти бозорҳои фурӯши либоси пойтахт то 31-уми май тамдид шуд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, ин қарор бо мақсади ҳифзи тандурустии сокинони пойтахт аз бемории сироятии коронавирус (COVID-19) қабул шудааст. Гуфта мешавад, сохторҳои дахлдори шаҳрдорӣ вазифадор шудаанд, ки дар ҳамкорӣ бо роҳбарони ҳамаи бозорҳои фурӯши либоса дар ин […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Бо қарори шаҳрдории Душанбе муҳлати қатъи фаъолияти бозорҳои фурӯши либоси пойтахт то 31-уми май тамдид шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, ин қарор бо мақсади ҳифзи тандурустии сокинони пойтахт аз бемории сироятии коронавирус (COVID-19) қабул шудааст.

Гуфта мешавад, сохторҳои дахлдори шаҳрдорӣ вазифадор шудаанд, ки дар ҳамкорӣ бо роҳбарони ҳамаи бозорҳои фурӯши либоса дар ин муддат корҳои безараргардонӣ ва дезинфексиониро мунтазам амалӣ кунанд.

Ёдовар мешавем, ки бозорҳои либосфурӯшии пойтахт нахуст аз 30-юми апрел то 10-уми май баста шуда, акнун муҳлати он то охири моҳи ҷорӣ дароз карда шуд.

Ёдрас мекунем, ки феълан меҳмонхонаву қаҳвахона ва тарабхонаҳои шаҳри Душанбе фаъолияти худро қатъ карда, кормандонашон ба рухсатии бемуҳлат фиристода мешаванд.

То бегоҳи 7-уми май дар Тоҷикистон 461 ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ва 12 ҳолати марг аз ин беморӣ ба қайд гирифта шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.