Эмомалӣ Раҳмон: “Дар якуним моҳ интиқоли маблағ аз Русия то нисф кам шуд”

Ҳаҷми интиқоли маблағ аз Русия ба Тоҷикистон дар моҳи март ва нимаи аввали моҳи апрел 80 миллион доллар ё худ 50% кам шуд. Дар ин бора дар мактуб-муроҷиати раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) маълумот дода шудааст, ки дар он кумаки молиявӣ дархост мешавад. Гуфта мешавад, ба интиқоли маблағ аз Русия “маҳдуд шудани […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳаҷми интиқоли маблағ аз Русия ба Тоҷикистон дар моҳи март ва нимаи аввали моҳи апрел 80 миллион доллар ё худ 50% кам шуд.

Дар ин бора дар мактуб-муроҷиати раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) маълумот дода шудааст, ки дар он кумаки молиявӣ дархост мешавад.

Гуфта мешавад, ба интиқоли маблағ аз Русия “маҳдуд шудани сафарҳо ва нархи пасти нафт таъсир мерасонанд”.

“Камшавии ҳаҷми интиқоли пул шояд якчанд моҳ идома ёбад, ки ба коҳиши босуръати истеъмол ва афзоиши бекорӣ, инчунин фишор болои бозори асъор оварда мерасонад”, – таъкид шудааст дар мактуб.

Дар он қайд мешавад, ки душвориҳои вобаста ба воридоти маҳсулоти ғизоӣ ва дигар маводи ниёзи аввал ба беқурбшавии арзи миллӣ боис шуда, “эҳтимол ба таваррум фишор орад”.

Сарвари давлат дар номаи худ қайд кардааст, ки ба Бонки миллии Тоҷикистон аллакай лозим омад, қурби сомониро нисбат ба доллар 5% поин барад.

“Афзоиши назарраси касри буҷет дар назар аст, зеро даромадҳо коҳиш ёфта, ҳукумат маблағҳоро бояд барои пешгирии паҳншавии вирус, муолиҷаи беморон ва дастгирии камбизоатон сарф кунад”,- изҳор доштааст Эмомалӣ Раҳмон.

Ин мактуб рӯзи 29-уми апрел ба Хазинаи байнулмилалии асъор ирсол гардида, дар посух Шӯрои иҷроияи Хазина рӯзи 6-уми май ба Тоҷикистон ҷудо шудани 189,5 млн долларро тибқи механизми қарздиҳии тезонидашуда тасдиқ кард.

Он ба қонеъ сохтани талаботи таъҷилӣ ба маблағгузории тавозуни пардохт ва эҳтиёҷоти буҷет марбут ба пандемияи коронавирус равона мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.