Коронавирус дар Тоҷикистон: 68 нафар дар як шабонарӯз бемор шуда, 2 кас фавтиданд

Date:

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ иттилоъ медиҳад, ки то соати 17:30 дақиқаи  12-уми май  дар Тоҷикистон 729 ҳолати сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, 23 нафар бар асари он фавтидаанд.

“Дар ин лаҳзаҳои ҳассос аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал оварда мешавад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама, қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд, зеро дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар шахс худи ӯст”, – навиштааст вазорат.

Имрӯз намояндагони ҳайати Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар ҷараёни брифинги онлайнӣ ба суоли “Азия-Плюс”, ки “оё ба омори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон бовар мекунед?”, чунин посух доданд:

“Маълумот пеш аз расидан ба вазорат, аз якчанд сатҳ мегузарад. Вазъият хеле зуд тағйир меёбад, вале омор таъхир карда метавонад”.

“Иттилооти омори мардумӣ оид ба теъдоди фавтидагон бо гумони коронавирус дар сомонаи kvtj.info мавриди омӯзиш қарор дода мешавад”, – гуфтанд намояндагони ҳайати Созмони ҷаҳонии тандурустӣ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...