Дар ноҳияи Хуросон даҳҳо манзили истиқоматӣ зери лойқа монданд

Бар асари боришоти зиёди рӯзи 14-уми май дар деҳаи “Неъматулло Асадулло”-и ҷамоати деҳоти Айнии ноҳияи Хуросон даҳҳо манзили мардум зери лойқа монданд. Раҳматулло Сафарзода, раиси ноҳияи Хуросон дар як суҳбати телефонӣ ба “Азия-Плюс” тасдиқ кард, ки якчанд хонаи сокинони деҳаи “Неъматулло Асадулло” аз ин офати табиӣ осеб диданд. “Вазъи ноҳия вазнин аст. Сели дирӯза ба […]

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Бар асари боришоти зиёди рӯзи 14-уми май дар деҳаи “Неъматулло Асадулло”-и ҷамоати деҳоти Айнии ноҳияи Хуросон даҳҳо манзили мардум зери лойқа монданд.

Раҳматулло Сафарзода, раиси ноҳияи Хуросон дар як суҳбати телефонӣ ба “Азия-Плюс” тасдиқ кард, ки якчанд хонаи сокинони деҳаи “Неъматулло Асадулло” аз ин офати табиӣ осеб диданд.

“Вазъи ноҳия вазнин аст. Сели дирӯза ба 3 ҷамоати деҳоти ноҳия омад ва лойқа ба ҳавлию хонаҳои мардум даромад. Минтақаи вазнин деҳоти “Неъматулло Асадулло” ва “Ҳалқаҷар” аст. Ҳамчунин сели дирӯза беш аз 100 метри роҳи мошингарди Пахтаобод – Айниро пурра шуста, бурдааст. Айни замон комиссияи ноҳиявӣ оид ба ҳолатҳои фавқулодда ҳаҷми хисороти селро ҳисоб мекунад”, – гуфт раиси ноҳия.

Сафарзода ҳамчунин изҳор дошт, ки айни замон дар ҷойи ҳодиса баҳри бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ кормандони ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ бо намояндагони мақомоти ноҳия фаъолият карда истодаанд. Ҳам аз вилоят ва ҳам аз худи ноҳия техникаи боркашу булдозерҳо дар ду деҳаи вазъияташон вазнин кор мекунанд.

Ба гуфтаи сокинони деҳаи “Неъматулло Асадулло”, борони сахт соатҳои 17-и бегоҳи 14-уми май оғоз гардид.

“Дар аввал каме ташвиш шудем, вале чунин оқибатро интизор набудем. Аллакай худи ҳамон лаҳзаҳо раиси ноҳия ва дигар мақомдорон омада, бо техникаҳои боркаш мардуми деҳаро берун бароварданд. Агар мардумро сари вақт намебурданд, талафоти ҷонии зиёд мешуд”, – нақл кард як сокини деҳа.

Бар асари селбориши 14-уми май як сокини 55-солаи ноҳия ба ҳалокат расид.

Ёдовар мешавем, ки дар деҳаи Халқаҷари ноҳияи Хуросон 21-уми март низ сел омада буд. Дар он ҳодиса ба зиёда аз 200 ҳавлии мардум лойқа даромада, ҳамчунин як сокини ҳамин деҳа фавтида буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.