Дар Хуросон сокини маҳаллӣ зери лойқа ҳалок шуд

Date:

Сокини ҷамоати Гулистони ноҳияи Хуросон – марди 65-сола, ки дар канори деҳа ҷараёни фаромадани селро бо телефон наворбардоӣ мекард, ба умқи 25-30 метр фурӯ рафтаву зери лой монда, ба ҳалокат расидааст.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ, ҷасади марҳумро то соати 22:00 ҷустанд, вале натиҷа надодааст.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 14-уми май, қарибиҳои аср дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти Ҳилолӣ ва Садриддин Айнии ноҳияи Хуросон бар асари боронҳои пуршиддат ва давомдор сел омада, ба як қатор хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон зарар расонидааст. Бар асари омадани сели азим ҳамчунин як сокини 55-солаи ҷамоати деҳоти Ҳилолӣ, деҳаи Пахтаобод ба ҳалокат расидааст.

Раҳматулло Сафарзода, раиси ноҳияи Хуросон дар як суҳбати телефонӣ ба “Азия-Плюс” гуфт, сел ба деҳоти “Неъматулло Асадулло” ва “Ҳалқаҷар” бештар зиён расонида, беш аз 100 метри роҳи мошингарди Пахтаобод – Айниро пурра шуст.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи 17-уми май чанде аз сокинони деҳоти аз офати табиӣ осебдидаи ноҳияи Хуросон роҳи мошингарди Бохтар-Душанберо бастанд.

Ба гуфтаи таксирон Шаҳобиддин Зиёев, ки дар самти Душанбе-Бохтар кор мекунад, сокинон бо талаби таваҷҷуҳи таъҷилӣ ба мушкилоти онҳо ва кумак ҷиҳати барқарор кардани манзилҳояшон қариб як соат роҳро бастаанд.

МЕДИА (IFRAME)

Дар ҳамин ҳол, маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон шоми 17-уми май навиштааст, ки “таҳдиди такроран омадани сел ба вуҷуд омада, мардум ба шоҳроҳи Бохтар-Душанбе ба ҷойи бехавф баромаданд. Дар натиҷаи корбарӣ мардум ҷобаҷо карда шуда, корҳои барқароркунӣ идома дорад”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...