Дар Уфа коргарони тоҷикистонӣ аз коронавирус сироят ёфтанд

Date:

Дар шаҳри Уфаи Русия байни коргарони иншооти гаронтарини тайи солҳои охир – сохтмони шоҳроҳи мошингард хуруҷи коронавирус ба қайд гирифта шуд.

Нашрияи «Ъ-Уфа» бо истинод ба бахши минтақавии Роспотребнадзор хабар медиҳад, ки 13 нафар зодагони Ӯзбекистону Тоҷикистон дар бемористони шаҳрии №18 бистарӣ шуданд. Гуфта мешавад, ки аввалин беморонро ҳанӯз 5-уми май ошкор карда буданд.

“Доираи шахсоне, ки сироятёфтагон бо онҳо алоқа доштанд, муайян гардида, ба 177 нафар дар мавриди худро ҷудо нигоҳ доштан (гӯшанишинӣ) таъинот дода шудааст. Ҳамаи онҳо дар яке аз хобгоҳҳо (хостел)-и Уфа ҷойгир шудаанд”, – хабар додааст манбаъ.

Ин мардон дар ҶДММ “Лимакмаращавтодороги” кор мекунанд, ки ба ҳайати Limak Group-и Туркия шомил аст. Айни замон кори онҳо мутаваққиф шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...