Дар вилояти Суғд ронандагон ба кор намебароянд

Равуои нақлиёт байни шаҳру навоҳии вилояти Суғд якбора хеле кам шуд. Чанд рӯз пеш агар интизории автобус ё микроавтобус (маршрутка) наздики як соат вақтро мегирифт, пас ҳозир онҳо аз баъзе хатсайрҳо тамоман гум шуданд. Шурӯъ аз нимаҳои моҳи май ронандагони автобусҳои мусофирбар байни шаҳру навоҳӣ ногаҳон аз корбароӣ даст кашиданд. Бархе фикр карданд, ки ҳукумати […]

Анна Мифтоҳова, махсус барои Asia-Plus

Равуои нақлиёт байни шаҳру навоҳии вилояти Суғд якбора хеле кам шуд. Чанд рӯз пеш агар интизории автобус ё микроавтобус (маршрутка) наздики як соат вақтро мегирифт, пас ҳозир онҳо аз баъзе хатсайрҳо тамоман гум шуданд.

Шурӯъ аз нимаҳои моҳи май ронандагони автобусҳои мусофирбар байни шаҳру навоҳӣ ногаҳон аз корбароӣ даст кашиданд. Бархе фикр карданд, ки ҳукумати вилоят расман чунин дастур додааст, лекин ин овозае беш нест.

Сабаб одитар буда, дар хароҷоти сӯзишворӣ ифода меёбад: хароҷоти сӯзишворӣ зиёду лекин автобус то нисф бо мусофирон пур мешавад.

Пас аз қатъ ё хеле кам шудани равуои автобусҳо байни маҳаллаҳои аҳолинишини гирду атрофи Хуҷанд, шумори микроавтобусҳо (маршруткаҳо) зиёд шуд. Ҷиҳати мусбат барои одамоне, ки маҷбуранд ба маркази вилоят ба кор раванд, дар он ифода меёбад, ки маршруткаҳо тезтар ҳаракат карда, онҳо саривақт ба кор ҳозир мешаванд.

– Ба ҷуз тавсияи умумии худро ҷудо нигоҳ доштан (гӯшанишинӣ, самоизолятсия), дастури расмии қатъи равуои нақлиёт содир нашудааст, – мегӯяд мудири шуъбаи нақлиёт ва коммуникатсия вилояти Суғд Олим Очилзода. – Лекин аксари одамон ба ин кор имкон надоранд, аз ин рӯ, агар мо ҳаракати маршруткаҳоро манъ кунем, ба онҳо мушкил хоҳад шуд.

Ронандагони автобусҳоро фаҳмидан мумкин аст: дар автобус хеле зиёд сӯзишвории дизелӣ (солярка) харҷ мешавад. Ва ин ҳам дар ҳолест, ки аксари ҷойҳои нишасти мусофирон холӣ мемонанд. Хароҷот пӯшонида намешавад, бинобар ин онҳо гӯшанинишинро ихтиёр кардаанд.

Ман дар чунин фикрам: агар равуои маршруткаҳо зиёд шавад, мусофирон беҳад зиёд ба нақлиёт савор намешаванд, яъне эҳтимоли сироят камтар мешавад. Қобили зикр аст, ки ба шаҳру ноҳияҳои дуртар аз Хуҷанд (Истаравшан, Исфара, Ҷаббор Расулов, Деваштич, Спитамен) на автобусҳо равуо мекунанду на маршруткаҳо. Роҳи Душанбе – Хуҷанд низ барои мусофирон баста, лекин барои боркашонӣ боз аст, – илова кард ӯ.

… Яке аз сабабҳои бисёр ба Хуҷанд сафар кардани мардум бештар дастрас будани нархи хӯрокворӣ ва сарулибос дар бозори “Панҷшанбе” аст. Ҳама гуна молро 2-3 сомонӣ арзонтар харидан имкон дорад. Агар яклухт харед, боз арзонтар меафтад. Албатта, имрӯз бисёр шуъбаҳои бозор баста буда, майдони назди масҷид қариб холӣ аст. Лекин бархе маҷбуранд барои таъмини рӯзгор кор кунанду дигарон онро харанд.

Дар назди майдон метавон базе фурӯшандагони молу маҳсулоти гуногун ва шахсони камбизоатро мушоҳида кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио