Назорати истифодаи масолеҳ барои бунёди меҳмонхонаи сохтмонаш тӯлкашида дар Душанбе

Ҳукумати Тоҷикистон супориш дод, ки истифодаи мақсадноки молу масолеҳи воридшуда барои сохтмони меҳмонхонаи панҷситорадори “Исмоили Сомонӣ” дар шаҳри Душанбе зери назорат гирифта шавад. “Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон анҷоми расмиёти гумрукӣ ва назорати истифодаи молу масолеҳеро, ки барои сохтмони иншооти дар боло зикршуда ворид карда мешаванд, таъмин кунад”, – қайд мешавад дар қарори рӯзи 1 […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон супориш дод, ки истифодаи мақсадноки молу масолеҳи воридшуда барои сохтмони меҳмонхонаи панҷситорадори “Исмоили Сомонӣ” дар шаҳри Душанбе зери назорат гирифта шавад.

“Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон анҷоми расмиёти гумрукӣ ва назорати истифодаи молу масолеҳеро, ки барои сохтмони иншооти дар боло зикршуда ворид карда мешаванд, таъмин кунад”, – қайд мешавад дар қарори рӯзи 1 май қабулшуда.

Дар санад таъкид мешавад, ки фармоишгари иншоот ҷамъияти саҳҳомии «Доллмарк Лтд» ва паймонкори кулл – «Beijing Foch Mechanical Equipment Installation Engineering Co., Ltd» мебошанд.

Қобили зикр аст, ки ба сохтмони меҳмонхонаи мазкур ҳамасола имтиёзҳои андозӣ дода мешаванд. Имсол сохтмони он аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ва андоз аз фоида озод карда шудааст.

Маросими оғози сохтмони меҳмонхона 15 марти соли 2006 бо иштироки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд. Он замон буҷаи умумии сохтмон 30 миллион доллар ҳисоб карда шуд.

Иншооти мазкур дар хиёбони марказии Рӯдакии пойтахт ҷойгир буда, масоҳати он 1,5 гектар аст. Интизор меравад, ки бинои меҳмонхона аз 350 ҳуҷра бо масоҳати умумии 20 ҳазор метри мураббаъ иборат хоҳад буд.

Нахуст зикр гардида буд, ки сохтмони иншоот дар муддати якуним сол пурра ба охир мерасад, лекин 14 сол инҷониб идома дорад.

Фармоишгари сохтмони меҳмонхона Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ буда, ба иҷрои корҳои сохтмон дар он ширкати холдингии “Исмоили Сомонӣ – асри 21” машғул аст, ки ба он Раҳматулло Саъдуллоев, бародари раиси “Ориёнбонк” Ҳасан Асадуллозода роҳбарӣ мекунад.

Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи ноябри соли гузашта дар бинои меҳмонхонаи сохтмонаш нотамоми  панҷситорадори “Исмоили Сомонӣ”, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ-127 сӯхтор ба амал омад. Сабаби сар задани сӯхтор дар меҳмонхона истифодаи нодурусти нерӯи барқ аз ҷониби бинокорон унвон шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.