Бозгашти 159 тоҷикистонии ихроҷшуда аз Екатеринбург

Имрӯз, 26 май 159 шаҳрванди Тоҷикистон, ки тайи чанд моҳи охир дар марказҳои нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии Русия қарор доштанд, бо парвози махсуси ҳавопаймои ширкати “Уральские авиалинии” аз Екатеринбург ба Душанбе баргардонида шуданд. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, бо парвози мазкур инчунин ду ҷасади ҳамватани мо ҷиҳати хоксупорӣ дар Тоҷикистон интиқол дода шуданд. […]

Asia-Plus

Имрӯз, 26 май 159 шаҳрванди Тоҷикистон, ки тайи чанд моҳи охир дар марказҳои нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии Русия қарор доштанд, бо парвози махсуси ҳавопаймои ширкати “Уральские авиалинии” аз Екатеринбург ба Душанбе баргардонида шуданд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, бо парвози мазкур инчунин ду ҷасади ҳамватани мо ҷиҳати хоксупорӣ дар Тоҷикистон интиқол дода шуданд.

Субҳи дирӯз, 25 май 237 шаҳрванди Тоҷикистон ва 13 ҷасади ҳамватанон аз шаҳри Москва ба шаҳри Душанбе таҳвил дода шуданд. Аз теъдоди умумии шаҳрвандони баргашта 197 нафар дар марказҳои нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии Русия қарор доштанад ва таври ройгон ба ватан оварда шуданд.

Ҳамаи мусофирони аз Маскав омада дар минтақаи истироҳати “Садбарг” дар дараи Ромит ба карантини дуҳафтаина ҷойгир карда шуданд.

Бо ҳамин хатсайри “ЮтЭйр” шоми 25 май 244 нафар шаҳрвандони Русия, аз ҷумла 50 нафар омӯзгорони русиягии дар Тоҷикистон фаъолиятдошта бо аъзои оилаашон Тоҷикистонро тарк карданд.

Имрӯ боз як ҳавопаймо аз Красноярск ба Душанбе меояд, ки шояд ҳамчунин шаҳрвандони дармондаи Тоҷикистонро ба Душанбе оварда, дар роҳи бозгашт русиягиҳоро аз Тоҷикистон бо худ гирад.

Рӯзи 29 май тариқи хатсайри № SVR8424 аз Душанбе ба Маскав ҳавопаймо парвоз мекунад. Ҳавопаймо соати 16:00 ба вақти маҳаллӣ парвоз хоҳад кард. Рӯзи 30 май бо хатсайри№SVR8880 парвози ҳавопаймо аз Душанбе ба Санкт-Петербург сурат мегирад.

Қаблан сафорати Тоҷикистон дар Русия изҳор дошт, ки дар марҳилаи аввал ба баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар марказҳои нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии Русия тайи се моҳи охир қарор доранд, тамаркуз мешавад.

Зикр шуд, ки ҳафтаи равон дар мувофиқа бо мақомоти Русия ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар марказҳои нигоҳдории муваққатӣ мондаанд, ба ватан баргардонида мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Пас аз мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” дар Душанбе, дар радабандии ҷаҳонии IJF ду натиҷаи таърихӣ барои Тоҷикистон сабт шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.