#asiaplus4tajikistan: Кумаки корбарони “Азия-Плюс” ба бошандагони хонаи пиронсолон

Дар бораи кори ба сомон расонидаамон маълумот медиҳем. Давоми ду рӯзи сипаришуда мо ба се иншооти тиббии кишвар кумак кардем. Аввал ба МД Шифохонаи шаҳрии парастории ҳамшираҳои шафқати шаҳри Душанбе, ки бархе онро “хоспис” ҳам мегӯянд, кумак кардем. Ин ҷо наздики 500 нафар шахсони яккаву танҳо, ки ягона наздике надоранду асосан пиронсолону маъюбон мебошанд, зиндагӣ мекунанд. […]

Asia-Plus

Дар бораи кори ба сомон расонидаамон маълумот медиҳем. Давоми ду рӯзи сипаришуда мо ба се иншооти тиббии кишвар кумак кардем.

Аввал ба МД Шифохонаи шаҳрии парастории ҳамшираҳои шафқати шаҳри Душанбе, ки бархе онро “хоспис” ҳам мегӯянд, кумак кардем. Ин ҷо наздики 500 нафар шахсони яккаву танҳо, ки ягона наздике надоранду асосан пиронсолону маъюбон мебошанд, зиндагӣ мекунанд. Ин макон охирин сарпаноҳи онҳост.

Шифохона давлатӣ буда, аз ҷониби буҷет маблағгузорӣ мешавад, ба ҳар ҳол, мо умедворем, ки кумаки хонандагони мо зиёдатӣ нест ва зиндагии душвори пиронсолонро каме ҳам бошад, сабук мекунад.

Дар бораи чиҳо харидану ба госпитал додан ҳисобот медиҳем:

Орд (250 кг), равған (50 литр), шакар (100 кг), биринҷ (50 кг), шири хушк (20 кг), маҳлули либосшӯйӣ (20 кг), воситаҳои шустушӯ   (60 қуттӣ), собун (100 дона), ниқоб (100 дона), дастпӯшак (100 дона).

Сардухтури шифохона Зулфия Шукурова, инчунин ҳамшираҳои шафқат, ки ба нигоҳубини бошандагони ин ҷо машғуланд, ба ҳамаи хонандагони “Азия-Плюс” самимона изҳори миннатдорӣ карданд!

Субҳи дирӯз мо ҳамчунин ба шариконамон – гурӯҳи ризокорон (ихтиёриён) аз вилояти Суғд – «Операция СИЗ Худжанд» (Амалиёти ВМИ Хуҷанд) бо дархости беморхонаи ноҳиявии деҳаи Хистеварзи ноҳияи Боҷон Ғафуров 1860 сомонӣ маблағ фиристодем. Бо ин пул 12 маҷмӯи воситаҳои муҳофизати инфиродӣ (ВМИ), ниқобу айнак харида мешавад.

Ва боз гуфтанием, ки ризокори мо, директори ширкати ҳуқуқшиносии “Ҳимоя” Наврӯз Одинаев бо дархости табибони яке аз шуъбаҳои беморхонаи Қарияи Боло ба онҳо 70 респиратор, 5 маҷмӯи воситаҳои муҳофизати инфиродӣ ва 100 бахил бурд.

Сипоси беандоза ба ҳама барои дастгирии иқдоми “Ба Тоҷикистон ҳамроҳ кумак мекунем!”.

То ин дам суратҳисоби мо 47212,32 сомонӣ маблағ дорад. Ба фаъолият идома медиҳем.

Суратҳисобҳои мо:

Ҳамёни Alif mobi: +992987203939

Суратҳисоб дар Alif Bank (корти миллӣ): 5058 2702 8051 0909

Тариқи сомона: www.intiqol.tj (ҳама гуна кортҳои Русия)

PayPal: [email protected]

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио