Идомаи Тоҷикистонро дастгирӣ кардани ТИКА дар мубориза бо хуруҷи Ковид-19

Ҷиҳати мубориза бо хуруҷи КОВИД-19 дар чаҳорчӯбаи кӯмакҳои тиббии ба кишварҳои дӯсту бародари Туркия равонагардида тибқи дархости Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон 70.000 адад ниқоби муҳофизатӣ ва 1.000 адад либоси муҳофизатӣ бо мақсади тақсим намудан ба шахсони гурӯҳи зери хавф қарордошта, пеш аз ҳама ба кормандони тандурустӣ, бо баргузории як маросим супорида шуданд. […]

Иттилоияи расмӣ

Ҷиҳати мубориза бо хуруҷи КОВИД-19 дар чаҳорчӯбаи кӯмакҳои тиббии ба кишварҳои дӯсту бародари Туркия равонагардида тибқи дархости Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон 70.000 адад ниқоби муҳофизатӣ ва 1.000 адад либоси муҳофизатӣ бо мақсади тақсим намудан ба шахсони гурӯҳи зери хавф қарордошта, пеш аз ҳама ба кормандони тандурустӣ, бо баргузории як маросим супорида шуданд.  

Дар маросим муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Саида Умарзода ва мушовири вазир Дилором Содиқова ширкат варзидандд. Саида Умарзода зимни суханрониаш бо ёдоварӣ аз лоиҳаҳои қаблан амалигардонидаи ТИКА дар Тоҷикистон, ба монанди таъсиси Маркази тавонбахшии маъюбон, таъмир ва муҷаҳҳазгардонии беморхонаи сироятии кӯдаконаи шаҳри Турсунзода ва Мактаби муосири диабети қанд, ба ТИКА ҷиҳати лоиҳаҳои дар самти тандурустӣ амалигардонидааш изҳори сипос намуд.

Муовини аввали вазир инчунин миннатдории вазири навтаъини тандурустии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозодаро ба ТИКА бинобар кӯмакҳои расонидааш баён намуда изҳор дошт, ки ниқобҳои муҳофизатӣ ва либосҳои муҳофизатии қабулкардашуда дар мубориза бар зидди эпидемия дар кишвар саҳми муҳим хоҳанд гузошт.   

Дар доираи тавофуқоти бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикстон бадастомада тасмим гирифта шуд, ки як қисми ниқобҳои муҳофизатии истеҳсолгардида ба нафароне, ки ғайри корманди соҳаи тиб ҳастанду аммо дар гурӯҳи хавф қарор доранд, тақсим карда шавад.

Дар ин замина, барои ҳифзи кормандон дар нуқтаҳои гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва фурудгоҳҳо фаъолияткунанда 10.000 адад ба Қушунҳои сарҳадии КДАМ, 10.000 адад ба беморони диабети қанд, ки хавфи таъсири эпидемия ба онҳо баланд аст, 10.000 адад ба 1.000 оилаҳои ниёзманд ва дар маҷмуъ то имрӯз 100.000 адад ниқоби муҳофизатӣ супорида шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио