Мутахассисони Роспотребнадзор дар ҳайати коршиносони СҶТ ба Тоҷикистон меоянд

Роспотребнадзор ва Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) ҳамкории мутақобиларо дар мубориза бо пешгирии паҳншавии сирояти коронавирус дар кишварҳои гуногун идома медиҳанд. Аз ҷумла, дар доираи Шабакаи глобалии огоҳӣ дар бораи хуруҷи бемориҳо ва амалҳои ҷавобӣ (GOARN) Роспотребнадзор дар ташкили дастаҳои вокуниши зудамал ҷиҳати кумак ба кишварҳои бештар осебдида иштирок мекунад. Тавре дар сомонаи муассиса хабар дода […]

Asia-Plus

Роспотребнадзор ва Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) ҳамкории мутақобиларо дар мубориза бо пешгирии паҳншавии сирояти коронавирус дар кишварҳои гуногун идома медиҳанд. Аз ҷумла, дар доираи Шабакаи глобалии огоҳӣ дар бораи хуруҷи бемориҳо ва амалҳои ҷавобӣ (GOARN) Роспотребнадзор дар ташкили дастаҳои вокуниши зудамал ҷиҳати кумак ба кишварҳои бештар осебдида иштирок мекунад.

Тавре дар сомонаи муассиса хабар дода мешавад, аз ин рӯ, ояндаи наздик мутахассисони Роспотребнадзор барои кор дар ҳайати гурӯҳи коршиносони байнулмилалӣ, ки аз ҷониби СҶТ таъсис дода мешавад, бори дигар ба Тоҷикистон фиристода мешаванд.

Гурӯҳ барои кумак ба Тоҷикистон дар корҳои ташхис дар озмоишгоҳ, назорати эпидемиологӣ ва баргузории таҳқиқоти коронавируси нав сафарбар мегардад.

Дар хабар қайд мешавад, ки Роспотребнадзор аз рӯйи масъалаҳои таҳияи тест-низомҳо ва ваксинаҳо бар зидди сирояти нави коронавирус низ бо СҶТ ҳамкорӣ дорад.

Моҳи май намояндагони Роспотребнадзор ва СҶТ ба Тоҷикистон омада, аз рӯйи натиҷаҳои сафарашон вазъи ҷории эпидемиологӣ дар кишвар, тадбирҳои вокуниш, инчунин имконоти ташхис дар озмоишгоҳҳоро арзёбӣ ва доир ба амалҳои минбаъда бо назардошти хавфҳои эҳтимолӣ тавсияҳо пешниҳод намуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио