Кувайт тоҷикистониёни боқимондаро ба ватан фиристод

Рӯзи 10 июн 5 шаҳрванди боқимондаи Тоҷикистон, ки бино ба қатъ гардидани парвозҳои байналмилалӣ бар асари ҳамагирии Ковид-19 дар Давлати Кувайт дармонда буданд, ба ватан оварда шуданд. Тавре Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ин парвози махсус аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии Давлати Кувайт ташкил карда шуд. Бино ба иттилои АМИТ “Ховар”, бо ҳамин парвоз 15 […]

Asia-Plus

Рӯзи 10 июн 5 шаҳрванди боқимондаи Тоҷикистон, ки бино ба қатъ гардидани парвозҳои байналмилалӣ бар асари ҳамагирии Ковид-19 дар Давлати Кувайт дармонда буданд, ба ватан оварда шуданд.

Тавре Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ин парвози махсус аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии Давлати Кувайт ташкил карда шуд.

Бино ба иттилои АМИТ “Ховар”, бо ҳамин парвоз 15 тонна кӯмакҳои башардӯстонаи Асосгузор ва Раиси Шӯрои мудирони гурӯҳи ширкатҳои ал-Ғоними Давлати Кувайт Фуод бин Муҳаммад ал-Ғоним иборат аз таҷҳизоти тиббӣ барои мубориза бо COVID-19 ба Душанбе интиқол ёфт.

Ёдрас мешавад, ки 5 июн тавассути ду парвоз 22 тонна кӯмакҳои башардӯстонаи Фуод бин Муҳаммад ал-Ғоним иборат аз таҷҳизоти тиббӣ барои мубориза бо COVID-19 расида буд. Инчунин ӯ 38 ҳазор адад либоси муҳофизатии тиббиро аз Чин харидорӣ ва ба Тоҷикистон ирсол намуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.