«Дурусткору ҷасур». Падари ҷавони тоҷики дар Уфа ҳалокшуда дар бораи писараш

Ҷасади донишҷӯи тоҷик Ҳоҷирмурод Қаландаровро, ки ҳангоми талоши аз ғарқшавӣ наҷотдиҳии кӯдак дар Уфа худаш ҳалок шуд, имрӯз дар ноҳияи Рӯдакӣ ба хок супурданд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” яке аз хешовандони ӯ хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, имрӯз ҷасади Ҳоҷирсмурод дар қабристони деҳаи Мавлавӣ ба хок супурда шуда, дар маросими ҷаноза одамони зиёд ҷамъ […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Ҷасади донишҷӯи тоҷик Ҳоҷирмурод Қаландаровро, ки ҳангоми талоши аз ғарқшавӣ наҷотдиҳии кӯдак дар Уфа худаш ҳалок шуд, имрӯз дар ноҳияи Рӯдакӣ ба хок супурданд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” яке аз хешовандони ӯ хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, имрӯз ҷасади Ҳоҷирсмурод дар қабристони деҳаи Мавлавӣ ба хок супурда шуда, дар маросими ҷаноза одамони зиёд ҷамъ омадаанд.

“Ҷасадро бояд рӯзи душанбе меоварданд, лекин дар сарҳади Қазоқистону Ӯзбекистон ва сипас дар марзи Ӯзбекистону Тоҷикистон мошинро каме боздоштанд. Дар интиқоли ҷасад раҳбарияти Бошқирдистон ва донишгоҳе, ки дар он писарам таҳсил мекард, диаспораи тоҷикон ва консулгарии генералии Тоҷикистон дар Уфа хеле зиёд кумак карданд… Одамон хеле зиёд буданд. Дар деҳаи мо бори аввал дар маросими ҷаноза садҳо нафар иштирок карданд”, – гуфт ӯ.

Ҳоҷимурод Қаландаров рӯзи 7 июн як кӯдакро аз ғарқшавӣ дар дарёи Белое дар шаҳри Уфа наҷот дода, худаш ба соҳил баромада натавонист. Имсол дар Уфа соли аввали Донишгоҳи аграриро хатм карда буд. Он рӯз ҳамроҳи дӯстонаш дар канори дарё истироҳат мекард.

Ҳоҷимурод Қаландаров рӯзи 7 июн як кӯдакро аз ғарқшавӣ дар дарёи Белое дар шаҳри Уфа наҷот дода, худаш ба соҳил баромада натавонист. Имсол дар Уфа соли аввали Донишгоҳи аграриро хатм карда буд. Он рӯз ҳамроҳи дӯстонаш дар канори дарё истироҳат мекард.

Қаҳрамонии аввал нест

Ба гуфтаи падари ӯ Саидакбар Қаландаров, Ҳоҷимурод ҷавони орому ботамкин, дурусткору ҷасур ва варзишгар буд.

“Ӯ ба варзиш машғул шуда, кӯдаконро хеле дӯст медошт ва бисёр вақт бо кӯдакони ҳамсоя бозӣ карда, ба онҳо кумак мерасонид. Дар ҳама ҷову ҳама гуна ҳолат аввалин будан мехост. Бо ҳама эҳтиромона муносибат мекард ва одатҳои бад надошт. Хеле дардовар аст, лекин мебояд сабру таҳаммул кард”, – иброз дошт падари ӯ.

Ӯ ҳамчунин нақл кард, ки ин аввалин қаҳрамонии Ҳоҷимурод дар мавриди наҷоти одами ғарқшуда нест.

“Ҳоҷимурод хуб оббозӣ ва дарёро шино карда мегузашт. Боре ӯ як кӯдакеро, ки дар дарёи Кофарниҳон ғарқ мешуд, низ наҷот дода буд”, – гуфт Саидакбар Қаландаров.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 15 июн дар консулгарии Тоҷикистон дар Уфа ба “Азия-Плюс” изҳор доштанд, ки ҳукумати Бошқирдистон ваъда додааст, ки пас аз анҷоми тафтиши қазия барои пайвандону наздикони Ҳоҷимурод Қаландаров бо пул кумак мекунад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.