Бонки ҷаҳонӣ барои солимгардонии “Барқи тоҷик” $134 млн грант медиҳад

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон рӯзи 17 июн созишномаи моҳи майи соли ҷорӣ имзошударо дар бораи маблағгузорӣ ба Барномаи солимгардонии молиявии корхонаи энергетикӣ байни Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд якдилона тасдиқ кард. Зимни суханронӣ назди вакилон доир ба ин масъала вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода қайд кард, ки дар созишнома дастгирии молиявии ШСХК […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон рӯзи 17 июн созишномаи моҳи майи соли ҷорӣ имзошударо дар бораи маблағгузорӣ ба Барномаи солимгардонии молиявии корхонаи энергетикӣ байни Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд якдилона тасдиқ кард.

Зимни суханронӣ назди вакилон доир ба ин масъала вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода қайд кард, ки дар созишнома дастгирии молиявии ШСХК “Барқи тоҷик”, ки ба беҳбуди идоракунии ширкат равона мешавад, пешбинӣ гардидааст.

Барои амалисозии лоиҳа Бонки ҷаҳонӣ ба ШСХК “Барқи тоҷик”134 млн доллар ба сифати грант ҷудо мекунад.

Ба гуфтаи вазир, корҳои амалисозии лоиҳа соли ҷорӣ оғоз гардида, анҷоми он соли 2026 дар назар аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.