Дар Ӯзбекистон пас аз тӯй барои 250 кас ҳамаи меҳмононро ба карантин фиристоданд

Сокинони ноҳияи Музрободи вилояти Сурхондарё, воқеъ дар ҷанубу шарқӣ Ӯзбекистон бо иштироки 250 нафар туй баргузор намуданд. Тавре CentralAsia хабар медиҳад, пас аз анҷоми тӯй ҳамаи меҳмонони маросимро ба карантин фиристодаанд. Ин тӯй, ки баъди он беш аз 250 нафар зери муоинаи табибон қарор мегиранд, аввалин нест. Дар вилоят тӯй ва дигар ҷашнҳое низ ба […]

Asia-Plus

Сокинони ноҳияи Музрободи вилояти Сурхондарё, воқеъ дар ҷанубу шарқӣ Ӯзбекистон бо иштироки 250 нафар туй баргузор намуданд.

Тавре CentralAsia хабар медиҳад, пас аз анҷоми тӯй ҳамаи меҳмонони маросимро ба карантин фиристодаанд.

Ин тӯй, ки баъди он беш аз 250 нафар зери муоинаи табибон қарор мегиранд, аввалин нест. Дар вилоят тӯй ва дигар ҷашнҳое низ ба мушоҳида расидаанд, ки бе риояи меъёрҳои санитарӣ гузаронида мешаванд. Ҳуумати вилоят иттилоъ додааст, ки иштирокчиёни он айни замон ба карантин гирифта шудаанд.

Ғайр аз ин, барои риоя накардани қоидаҳои карантин дар яке аз ташкилотҳои минтақавӣ зиёда аз 300 кас зери муоина гирифта шудаанд.

Гуфта мешавад, дар ин ташкилот ҳарорати баданро намесанҷидаанд, инчунин аз маҳлулҳои антисептикӣ ва ниқобҳо истифода намекардаанд. Дар натиҷа корманди аз Тошканд баргашта 9 нафарро сироят карда, боз дар чанд каси дигар дар сироятёбӣ аз коронавирус гумонбар дониста мешаванд.

Ҳамчунин ҳукумати вилояти Сурхондарё аз 16 июн вуруд ва хориҷ шудан аз шаҳри Тирмизро, ки маркази маъмурии ин вилоят мебошад, муваққатан манъ кардааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.