Раиси суди ноҳияи Айнӣ ҳангоми порагирӣ дастгир шуд

Раиси суди ноҳияи Айнии вилояти Суғд Шараф Турсунзода барои даст доштан дар гирифтани пора ба ҳабс гирифта шуд. Бино ба иттилои Агентии назорати давлатӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, барои аз масъулият озод кардани се нафар қонуншиканон ӯ аз онҳо 15 ҳазор сомонӣ пора талаб кардааст. Гуфта мешавад, аввали моҳи июн ӯ аз шахсони номбаршуда […]

Asia-Plus

Раиси суди ноҳияи Айнии вилояти Суғд Шараф Турсунзода барои даст доштан дар гирифтани пора ба ҳабс гирифта шуд.

Бино ба иттилои Агентии назорати давлатӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, барои аз масъулият озод кардани се нафар қонуншиканон ӯ аз онҳо 15 ҳазор сомонӣ пора талаб кардааст.

Гуфта мешавад, аввали моҳи июн ӯ аз шахсони номбаршуда 10 ҳазор сомонӣ гирифта, талаб мекунад, ки маблағи боқимондаро низ зудтар биёранд.

“Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Шараф Турсунзода баъди гирифтани маблағи 5 ҳазор сомонӣ ба сифати пора дастгир ва маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд”, – омадааст дар сомонаи Агентӣ.

Нисбати боздоштшуда мутобиқи моддаи 319 Кодекси ҷиноятии ҶТ (Гирифтани пора) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, дар ин модда то 5 соли маҳруммият аз озодӣ ҷазо пешбинӣ шудааст.

Қобили зикр аст, ки Шараф Турсунзода ҳамагӣ 4 моҳ пеш бо фармони президенти Тоҷикистон ба вазифаи раиси суди ноҳияи Айнӣ таъин шуда буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.