Ҳарифони мунтахабҳои футболи Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё U-16 ва U-19 маълум шуданд

Дастаҳои ҳарифи мунтахабҳои футболи наврасон ва ҷавонони Тоҷикистон дар даври гурӯҳии Чемпионатҳои Осиё-2020 байни наврасони то 16-сола ва то 19-сола маълум шуданд. Тавре Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, мувофиқи натиҷаҳои қуръакашӣ мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар грӯҳи “В” бо тимҳои Уммон, Яман ва Амороти Муттаҳидаи Араб рақобат мекунад. Мунтахаби Ӯзбекистон дар гурӯҳи “С” бо дастаҳои Кореяи […]

Asia-Plus

Дастаҳои ҳарифи мунтахабҳои футболи наврасон ва ҷавонони Тоҷикистон дар даври гурӯҳии Чемпионатҳои Осиё-2020 байни наврасони то 16-сола ва то 19-сола маълум шуданд.

Тавре Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, мувофиқи натиҷаҳои қуръакашӣ мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар грӯҳи “В” бо тимҳои Уммон, Яман ва Амороти Муттаҳидаи Араб рақобат мекунад.

Мунтахаби Ӯзбекистон дар гурӯҳи “С” бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Австралия ва Ҳиндустон бозӣ мекунад.

Гурӯҳи “А” аз дастаҳои Баҳрайн, Кореяи Шимолӣ, Эрон ва Қатар ва гурӯҳи “D” – аз Ҷопон, Индонезия, Арабистони Саудӣ ва Чин иборат аст.

Дар Чемпионати футболи 19-уми Осиё байни мунтахабҳои наврасони то 16-сола, ки аз 25 ноябр то 12 декабр дар Баҳрайн доир мегардад, 16 даста иштирок мекунанд. Дар ҷараёни қуръапартоӣ 4 гурӯҳи иборат аз 4-дастагӣ ташкил шуданд.

Мувофиқи регламент, аз рӯйи натиҷаҳои даври гурӯҳӣ ду дастаи беҳтарин аз ҳар як гурӯҳ мусобиқаро барои медалҳо идома дода, ҷуфтҳои чорякниҳоӣ ташкил мекунанд. Дар идома бозиҳо бо низоми олимпӣ ва хориҷшавии тимҳо сурат мегирад.

Дар ҳамин ҳол, мувофиқи қуръакашӣ, мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) дар даври гурӯҳии қисмати финалии Чемпионати Осиё-2020, ки аз 14 то 31 октябр дар Ӯзбекистон баргузор мешавад, дар гурӯҳи «D» бо тимҳои Қатар, Майлайзия ва Яман рақобат мекунад.

Дар Чемпионати 41-уми Осиё байни мунтахабҳои ҷавонони то 19-сола 16 даста иштирок карда, дар ҷараёни қуръапартоӣ 4 гурӯҳи иборат аз 4-дастагӣ ташкил шуданд.

Аз рӯйи натиҷаҳои даври гурӯҳӣ ду дастаи беҳтарин аз ҳар як гурӯҳ мусобиқаро барои медалҳо идома дода, ҷуфтҳои чорякниҳоӣ ташкил мекунанд. Дар сурати ба даври дигар роҳ ёфтан аз гурӯҳ мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо яке аз тимҳои гурӯҳи “С” – Арабистони Саудӣ, Австралия, Ветнам ё Лаос қувваозмоӣ мекунад.

Қобили зикр аст, ки чор дастаи беҳтарини Чемпионати Осиё-2020 байни ҷавонон ба Чемпионати ҷаҳон-2021 (U-20) роҳхат мегиранд, ки дар Индонезия доир мегардад. Дар сурати ба даври нимфиналии Чемпионат Осиё-2020 роҳ ёфтани дастаи Индонезия, дастаи панҷуми қораи Осиё барои иштирок дар Чемпионати ҷаҳон-2021 ҳуқуқ пайдо мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.