Интиқоли 50 ҷасади тоҷикистониён аз Русия ба ватан

Рӯзи 20 июни соли ҷорӣ 50 ҷасади шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар қаламрави Русия ҷон бохта буданд, бо нақлиёти автомобилии махсус ба ватан оварда шуданд. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, амали хайрхоҳонаи мазкур бо мусоидати ҳамватани саховатпешаи муқими Русия ва дар ҳамкорӣ бо мақомоти марбутаи Русия, Қазоқистон ва Қирғизистон анҷом ёфт. Дар сафорати Тоҷикистон […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Рӯзи 20 июни соли ҷорӣ 50 ҷасади шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар қаламрави Русия ҷон бохта буданд, бо нақлиёти автомобилии махсус ба ватан оварда шуданд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, амали хайрхоҳонаи мазкур бо мусоидати ҳамватани саховатпешаи муқими Русия ва дар ҳамкорӣ бо мақомоти марбутаи Русия, Қазоқистон ва Қирғизистон анҷом ёфт.

Дар сафорати Тоҷикистон дар Русия ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки ҳамаи хароҷоти интиқоли ҷасадҳоро як соҳибкори тоҷик ба уҳда гирифта, нахостааст, ки ному насабаш ифшо гардад.

“Ин шаҳрвандони мо аз шаҳру вилояти Маскав, Санкт-Петербург, вилояти Владимир, Уфа, Хабаровск, вилояти Рязан, Новосибирск ва дигар минтақаҳо мебошанд. Ба ҳамватанонамон, ки дар ин амали хайрхоҳона бо сафорат ҳамкорӣ карда, дар интиқоли 50 ҷасади ҳамавтанон ба ватан кумак карданд, изҳори миннатдорӣ мекунем”, – қайд карданд дар сафорат.

Қобили зикр аст, ки тайи чанд моҳи ахир бо хатсайрҳои ҳавоии чартерӣ ва нақлиёти заминӣ беш аз 50 ҷасади шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия ба ватан оварда шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.