ҲХДТ як курсияшро дар палатаи поёнии парлумон аз даст медиҳад

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар натиҷаи тағйироти кадрии ахир дар сохторҳои ҳукумат курсии як вакилро дар палатаи поёнии парлумон аз даст медиҳад. Тавре ба “Азия-Плюс” котиби матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод, сабабаш дар он аст, ки 20-уми июн бо фармони президент раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, вакили палатаи поёнии парлумон […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар натиҷаи тағйироти кадрии ахир дар сохторҳои ҳукумат курсии як вакилро дар палатаи поёнии парлумон аз даст медиҳад.

Тавре ба “Азия-Плюс” котиби матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод, сабабаш дар он аст, ки 20-уми июн бо фармони президент раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, вакили палатаи поёнии парлумон Ҳоким Холиқзода муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин шуд.

Мувофиқи меъёрҳои қонунгузории кишвар, имрӯз, 24-уми июн ӯ ваколатҳои худро дар Маҷлиси намояндагон ба сифати вакил месупорад.

Ҳоким Холиқзода 1-уми марти соли ҷорӣ аз ҳавзаи интихоботии Ҷ.Балхӣ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон интихоб шуда буд.

Тибқи меъёрҳои қонунгузорӣ, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон уҳдадор аст, ки дар муддати 3 моҳ ба ҷойи ин вакил интихобот баргузор кунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.