Кадом театрҳо дар Душанбе ба кор оғоз карданд?

Рӯзи 28 июн соати 17:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба пӯшида шудани мавсими театрӣ таҳти унвони “Дар олами мусиқӣ” консерт барпо мешавад. Чорабинӣ бо иштироки оркестри симфонӣ, солистони опера, хор ва балети театр баргузор мешавад. Дар саҳифаи театр дар Facebook гуфта мешавад, даромадан ба театр қатъиян бо […]

Ширин Раҳмонова, Asia-Plus

Рӯзи 28 июн соати 17:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба пӯшида шудани мавсими театрӣ таҳти унвони “Дар олами мусиқӣ” консерт барпо мешавад.

Чорабинӣ бо иштироки оркестри симфонӣ, солистони опера, хор ва балети театр баргузор мешавад.

Дар саҳифаи театр дар Facebook гуфта мешавад, даромадан ба театр қатъиян бо риояи ҳамаи меъёрҳои назорати санитариву эпидемиологӣ сурат мегирад. Бе ниқоб даромадан намемонанд.

Билетҳо ҳамарӯза дар фурӯшгоҳ (каасаҳо)-и театр аз соати 09:00 то 17:00 фурӯхта мешаванд. Арзиши билет барои 1 нафар – 20 сомонӣ аст. Маълумоти муфассал бо телефони 221 62 91 (сомона: www.operabalet.tj).

Театри опера ва балет алҳол ягона театрест, ки дар он ба пешкаш кардани намоишҳо шурӯъ карданд.

Дар Театри давлатии русии ба номи Маяковский хабар доданд, ки дар театр кор мекунанд, лекин ин ҳоло танҳо машқу тамрин буда, намоишҳо нестанд.

“Мо спектаклҳо намоиш надодем, лекин машқу тамринҳо ҷараён доранд. Ба наздикӣ ба рухсатӣ мебароем. Ба назарам, моҳи сентябр ба намоиш додани спектаклҳо оғоз мекунем”, – гуфт муовини директори театр Гулнора Аҳмедова.

Айни замон Театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов ҳам кор намекунад.

“Ду моҳ инҷониб бо сабаби эпидемияи коронавирус дар кишвар театр кор намекунад ва аз 6 июл кормандон ба рухсатӣ мебароянд. Шояд 10 ё 13 август ба кор сар кунем. Алҳол дар бинои театр мунтазам корҳои безараргардонӣ гузаронида мешаванд”, – хабар дод корманди ин театр.

Дар Театри давлатии лӯхтак ва Театри драмавии ба номи А.Лоҳутӣ замони таҳияи мавод касе ба зангҳои телефонӣ ҷваоб намедод.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.