Имкони иҷозаи вуруд ба ИА ба шаҳрвандони Тоҷикистон аз 1 июл

Тоҷикистон ба рӯйхати пешакии кишварҳое шомил гардид, ки барои шаҳрвандони ин давлатҳо Иттиҳоди Аврупо (ИА) шояд аз 1 июл вуруд ба қаламравашро иҷоза диҳад. Тавре Euronews иттилоъ медиҳад, ИА ният дорад, ки сарҳадҳояшро барои баъзе кишварҳо, ки узви Иттиҳод нестанд, боз кунад. Рӯйхати ин кишварҳо бар асоси тавсияи Комиссияи Аврупо тартиб дода шудааст. Ба рӯйхат […]

Тоҷикистон ба рӯйхати пешакии кишварҳое шомил гардид, ки барои шаҳрвандони ин давлатҳо Иттиҳоди Аврупо (ИА) шояд аз 1 июл вуруд ба қаламравашро иҷоза диҳад.

Тавре Euronews иттилоъ медиҳад, ИА ният дорад, ки сарҳадҳояшро барои баъзе кишварҳо, ки узви Иттиҳод нестанд, боз кунад. Рӯйхати ин кишварҳо бар асоси тавсияи Комиссияи Аврупо тартиб дода шудааст.

Ба рӯйхат беш аз 50 кишвар бо шумули Ӯзбекистону Қазоқистон ва Тоҷикистону Туркманистон дохил шудаанд. Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ танҳо Қирғизистон дар рӯйхат нест. Ба он инчунин ИМА, Русия ва Бразилия низ шомил нашудаанд.

Манбаъҳои EuroNews қайд кардаанд, ки рӯйхат аллакай боиси баҳсҳо шудааст. Гуфта мешавад, оид ба муайян кардани меъёрҳо барои қабули ин қарор байни кишварҳои ИА ихтилофҳо рӯйи кор омада, бархе гуфтаанд, ки маълумотҳо дар бораи COVID қобили эътимод нестанд.

Аз ин рӯ, мансабдорони аврупоӣ рӯзи панҷшанбе сари як қароре омада натавониста, гуфтушунидро рӯзи ҷумъа идома медиҳанд. Манбаъҳои нашрия инчунин зикр кардаанд, ки рӯйхатҳо ҳар ду ҳафта бозбинӣ мешаванд.

Рӯзи 25 июн Созмони ҷаҳонии тандурустӣ эълон кард, ки 30 кишвари Аврупо, ки дар онҳо маҳдудиятҳои карантин сабук карда шуданд, ҳафтаи гузашта бо афзоиши шумори ҳолатҳои ошкоршудаи сироят аз COVID-19 дучор шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.