Овозаҳои гирифтории фурӯшандагони бозори “Корвон” ба бемории коронавирус беасосанд

Маъмурияти бозори “Корвон” овозаҳои ба бемории коронавирус гирифтор шудани 50 нафар фурӯшандагон ва баста шудани бозорро рад кард. “Ин овозаҳо беасосанд. Агар ҳақиқатан ҳам ин шумор фурӯшандагон аз коронавирус сироят меёфтанд, бозор баста мешуд. Солимии одамон муҳимтар аст. Лекин хушбахтона, аз замони барқарор кардани фаъолияти бозор миёни фурӯшандагон беморони коронавирус ошкор карда нашудаанд. Баростӣ, намедонам […]

Маъмурияти бозори “Корвон” овозаҳои ба бемории коронавирус гирифтор шудани 50 нафар фурӯшандагон ва баста шудани бозорро рад кард.

“Ин овозаҳо беасосанд. Агар ҳақиқатан ҳам ин шумор фурӯшандагон аз коронавирус сироят меёфтанд, бозор баста мешуд. Солимии одамон муҳимтар аст. Лекин хушбахтона, аз замони барқарор кардани фаъолияти бозор миёни фурӯшандагон беморони коронавирус ошкор карда нашудаанд. Баростӣ, намедонам кӣ ва чаро чунин овозаҳои бардурӯғро паҳн мекунад”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” директори бозор Ҳалима Мавлонова.

Овозаҳо дар бораи аз коронавирус сироят ёфтани 50 нафар фурӯшандагони бозор рӯзҳои охир дар шабака пайдо шуданд. Директори бозор илова кард, ки овозаҳо доир ба такроран баста шудани бозор низ асоси воқеӣ надоранд.

“Дар бозор ҳамаи тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, қоидаҳои санитарӣ риоя мешаванд. Кормандон ҳарорати ҳамаи харидоронро месанҷанд ва агар онҳо ниқоб надошта бошанд, ба онҳо ниқоб медиҳанд. Аз болои бо дастпӯшаку ниқоб ва антисептикҳо кор кардани фурӯшандагон назорат мекунанд. Ҳар як соҳибкор ва корманди бозор бояд қатъиян масофаи иҷтимоиро риоя кунад. Агар ҳарорати шахс баданд бошад, ба бозор роҳ дода нашуда, ба ӯ дар бораи ба куҷо муроҷиат намудан барои ёрии тиббӣ маълумот дода мешавад”, – қайд кард Мавлонова.

Дар Раёсати рушди иқтисод ва савдои шаҳрдорӣ ба “Азия-Плюс” изҳор доштанд, ки вазъи вобаста ба COVID-19 дар кишвар, аз ҷумла, дар бозори “Корвон” зери назорат буда, ҳама тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

“Дар бозор ҳамарӯза беш аз 30 литр антисептикҳо истифода шуда, ҳамаи фурӯшандагон ниқоб доранд ва хуб огаҳанд, ки дар сурати пайдо шудани аломатҳои беморӣ чӣ гуна амал кунанд. Мо, харидорон низ бояд ҳамаи меъёрҳои санитариву гигиениро риоя кунем. Ҳазорон нафар аз ҳисоби ин бозор рӯзгорашонро таъмин мекунанд. Мо бояд эҳтиёткор буда, тавсияҳои Вазорати тандурустиро риоя намоем. Ҳоло ба бастани бозор ҳеҷ зарурате нест”, – шарҳ доданд дар Раёсат.

Дар маркази матбуоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар ин робита гуфтанд,”дар бораи фурӯшандагони беморшуда онҳо маълумот дар даст надоранд”.

Бузургтарин бозори либосфурӯшии “Корвон” аз 15 июн дубора ба фаъолият оғоз намуд. Бозор якуним моҳ инҷониб дар доираи муқовимат бо COVID-19 баста шуда буд.

То шоми рӯзи 25 июн шумори сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон 5 ҳазору 691 нафар ва теъдоди шифоёфтагон 4 ҳазору 269 касро ташкил медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.