Ноболиғ барои куштори модару бародаронаш маҳкум шуд

Як ноболиғ дар шаҳри Ҳисор барои куштори модар ва 2 бародари угаяш ба муҳлати 10 сол аз озодӣ маҳрум шудааст. Бино ба иттилои маркази матбуоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон, 12-уми декабри соли 2019 ноболиғ В.М. дар маҳалли зисташ воқеъ дар шаҳри Ҳисор, ҷамоати деҳоти Хонақои кӯҳӣ дар заминаи рашку хусумат модараш ва бародарони хурдсоли угаяшро ба […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Як ноболиғ дар шаҳри Ҳисор барои куштори модар ва 2 бародари угаяш ба муҳлати 10 сол аз озодӣ маҳрум шудааст.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон, 12-уми декабри соли 2019 ноболиғ В.М. дар маҳалли зисташ воқеъ дар шаҳри Ҳисор, ҷамоати деҳоти Хонақои кӯҳӣ дар заминаи рашку хусумат модараш ва бародарони хурдсоли угаяшро ба қатл расонидааст. Ӯ барои нест кардани изҳои ҷиноят манзили истиқоматӣ ва ҷасадҳоро оташ зада, аз ҷойи ҳодиса фирор кардааст.

Дар шарҳи ин амал гуфта мешавад, ки давоми зиндагии якҷоя модараш нисбат ба ноболиғ муносибати дағалона дошта, ӯро бештар дар иҷрои корҳои хоҷагӣ истифода кардааст. Ҳамчунин фарзандони хурдсолашро нисбат ба ин писари ноболиғ бештар дӯстдорӣ карда, дар ин замина рашку хусумати ӯро ба вуҷуд овардааст.

Аз ҷониби прокуратураи шаҳри Ҳисор нисбат ба ноболиғ бо аломатҳои моддаҳои 104 қисми 2 бандҳои “а”, “в”, “е” (Одамкушӣ) ва 255 қисми 2 КҶ ҶТ (Қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, баъд аз анҷоми тафтиши пешакӣ бо тасдиқи хулосаи айбдоркунӣ ба суд ирсол шуд.

Бо ҳукми коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии ҶТ аз 11-уми июни соли 2020 ноболиғ В.М. гунаҳгор дониста шуда, ба ҷазои баландтарин – 10 сол маҳрум сохтан аз озодӣ бо адои ҷазо дар колонияи тарбиявии дорои низоми умумӣ маҳкум карда шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.