Дар Хуҷанд дарозтарин гузаргоҳи зеризаминӣ дар минтақа боз шуд

Дар шаҳри Хуҷанд гузаргоҳи зеризаминии мавзеъи бозори "Панҷшанбе" мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, иншооти мазкур аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Муртазо Алиев ба маблағи 20 млн сомонӣ сохта шудааст. “Дарозии иншоот 260, бараш 18 метр буда, аз 10 даромадгоҳ иборат аст, – қайд мешавад дар хабар. – Ин дарозтарин […]

Asia-Plus

Дар шаҳри Хуҷанд гузаргоҳи зеризаминии мавзеъи бозори "Панҷшанбе" мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, иншооти мазкур аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Муртазо Алиев ба маблағи 20 млн сомонӣ сохта шудааст.

“Дарозии иншоот 260, бараш 18 метр буда, аз 10 даромадгоҳ иборат аст, – қайд мешавад дар хабар. – Ин дарозтарин гузаргоҳи зеризаминӣ дар Тоҷикистон ва ҳатто дар минтақа мебошад”.

Гуфта мешавад, гузаргоҳ дорои 114 адад нуқтаҳои савдо буда, дар мағозаҳои он дар баробари молу колои зарурӣ, ҳамзамон анвои гуногуни маҳсулоти ватанӣ, бахусус истеҳсолоти либосҳои дохилӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсули кори эҷодкорон манзури харидорон карда шудааст.

Ҳамзамон болои гузаргоҳи зеризаминӣ мумфарш ва ҳудуди он барои бехатарии шаҳрвандон панҷарабандӣ карда шудааст. Роҳрави кӯчаи Шарқ пурра сафолакпӯш ва қадди роҳ бо усули муосир чароғон гардидааст.

Зикр мегардад, ки гузаргоҳ дар доираи сафари кории сарвари давлат ба вилояти Суғд мавриди истифода қарор гирифта, дар маросими ифтитоҳи он Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёрдамчии президент оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ва раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок карданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.