Ҳабси як ҷавон барои бадахлоқӣ нисбат ба духтари 20-сола дар Душанбе

Додгоҳ сокини пойтахтро барои суханони қабеҳ ва осеби ҷисмонӣ расонидан ба як ҷавондухтар ба муҳлати 5 шабонарӯз аз озодӣ маҳрум кардааст. Бино ба иттилои РВКД дар шаҳри Душанбе, духтари 20-сола ба мақомоти милитсия аз кирдори бадахлоқонаи як ҷавон шикоят бурдааст. Дар натиҷа муайян шудааст, ки ҷавон Валиҷон Бекзода, соли таваллудаш 1992, истиқоматкунандаи пойтахт будаааст. Номбурда […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Додгоҳ сокини пойтахтро барои суханони қабеҳ ва осеби ҷисмонӣ расонидан ба як ҷавондухтар ба муҳлати 5 шабонарӯз аз озодӣ маҳрум кардааст.

Бино ба иттилои РВКД дар шаҳри Душанбе, духтари 20-сола ба мақомоти милитсия аз кирдори бадахлоқонаи як ҷавон шикоят бурдааст. Дар натиҷа муайян шудааст, ки ҷавон Валиҷон Бекзода, соли таваллудаш 1992, истиқоматкунандаи пойтахт будаааст.

Номбурда 3-юми июли соли ҷорӣ ҳангоми қарордошт дар кӯчаи Ф.Ниёзӣ, назди мағозаи “Артел” духтарро ба наздаш даъват карда, мехоҳад якҷоя дар ягон мавзеи фароғатӣ ба чилимкашӣ машғул шаванд. Аммо духтар ба хашм омада, ин даъвати ӯро рад мекунад, чун бори аввал ҷавонро дида, байнашон ягон муносибати шиносоӣ вуҷуд надорад.

“Дар ин лаҳза Валиҷон Бекзода дар ҷойи ҷамъиятӣ ва дар ҳузури дигар дугонаҳои духтар ӯро дашному суханони қабеҳ гуфта, ҳамзамон бо роҳи кашидани мӯйи сар ба ӯ озори ҷисмонӣ расонидааст”, – хабар додааст маркази матбуоти РВКД.

Бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбат ба шаҳрванд Валиҷон Бекзода бо моддаи 460 (Майдаавбошӣ)-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори суд ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз таъин гардид. Ӯ ба корҳои фоиданоки ҷамъиятӣ ҷалб карда шудааст.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе изҳор доштааст, ки ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон таҳти муҳофизати қонун қарор дорад. Дар ҳолати поймол шудани он, шаҳрвандон метавонанд ба мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе муроҷиат кунанд. Ҳамаи муроҷиат, арзу дархост ва шикоятҳо мавриди санҷиши ҳаматарафа ва чораҷӯии саривақтӣ қарор дода шуда, аз натиҷааш тавассути сомонаи Раёсат хабар дода мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.