Замимаи “Tcell-и мaн” – маркази хизматрасонии шахсии Шумо!

Ширкати Tcell дар бораи роҳандозии версияи таҷдидшудаи “Tcell-и ман”- “Мой Тсеll” эълон медорад! "Tcell-и мaн" ин утоқи шахсии шумост, ки дар он ҷо метавонед хароҷот, тафсилоти фармоиш ва идоракунии хизматрасониҳои Tcell-ро дар реҷаи воқеъӣ идора намоед! Истифодаи барнома хеле соддаву  оддӣ аст ва муҳимтар аз ҳама, зарурати муроҷиати муштариёнро ба марказҳои хизматрасонӣ ва тамос бо […]

Ширкати Tcell дар бораи роҳандозии версияи таҷдидшудаи “Tcell-и ман”- “Мой Тсеll” эълон медорад!

"Tcell-и мaн" ин утоқи шахсии шумост, ки дар он ҷо метавонед хароҷот, тафсилоти фармоиш ва идоракунии хизматрасониҳои Tcell-ро дар реҷаи воқеъӣ идора намоед!

Истифодаи барнома хеле соддаву  оддӣ аст ва муҳимтар аз ҳама, зарурати муроҷиати муштариёнро ба марказҳои хизматрасонӣ ва тамос бо хадамоти маълумотдиҳӣ рафъ менамояд.

Акнун, бо туфайли барномаи “Tcell-и ман” дар ҳар куҷо, ки набошед, имкони ҳалли мушкилоти пешомада ба сурати оҷилу зуд фароҳам меояд! Идоракунии хизматрасонӣ ҳеч гоҳ ин гуна осон набуд: барои худ нархномаи беҳтаринро дарёфт кунед ва онро танҳо бо як клик ба барнома пайваст намоед! Ва агар Шумо ягон савол дошта бошед,  метавонед дар чати онлайн бо мушовирони ширкати Тсеll тамос бигиред. Барнома бо функсияи пур кардани тавозун тавассути ​​ ҳамёни мобилии TeзСум ва ё аз корти “Корти миллӣ” муҷаҳҳаз буда, имкони дархости “Пардохти муваққатӣ” низ мавҷуд аст.

Замима барои боргирӣ дар Google Play (https://play.google.com/store/apps/details?id=tj.tcell.odp) ва App Store (https://apple.co/2u4nrl1) дастрас буда, ҳамчунин бо нишонии http://my.tcell.tj аз утоқи инфиродӣ онро насб кардан мумкин аст.
Барои муштариёни Tcell истифодаи барномаи «Tcell-и ман» ройгон аст!

___________________

 Tcell  – бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED – Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст.

Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.  

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.