Ҳабси ҷавонзани нурободӣ дар Душанбе барои авбошӣ

Кормандони милитсияи пойтахт аз рӯйи далели лату кӯби хоҳарони дугоник Зуҳро ва Фотима Балосоваҳо ҷавонзани 24-сола аз Нуробод Ҷонона Сайфиддиноваро боздошт карданд. Бино ба иттилои маркази матбуоти Раёсати ВКД дар Душанбе, баъд аз рӯзи 2-юми июл дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудани навори видео дар бораи латукӯби ду духтар, кормандони милитсия ба ҷустуҷӯйи ин ҷавонзан оғоз […]

Кормандони милитсияи пойтахт аз рӯйи далели лату кӯби хоҳарони дугоник Зуҳро ва Фотима Балосоваҳо ҷавонзани 24-сола аз Нуробод Ҷонона Сайфиддиноваро боздошт карданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Раёсати ВКД дар Душанбе, баъд аз рӯзи 2-юми июл дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудани навори видео дар бораи латукӯби ду духтар, кормандони милитсия ба ҷустуҷӯйи ин ҷавонзан оғоз карданд.

“Дар ҷараёни баргузории чорабиниҳои фаврӣ муайян карда шуд, ки Сайфиддинова дар ҳолати сархушӣ ҳангоми рӯ ба рӯйи «Корхонаи нассоҷӣ» қарор доштанаш бо хоҳарон-дугоникҳо муноқиша карда, онҳоро мавриди латукӯб қарор додааст, – қайд мешавад дар хабар. – Ҳамзамон нисбат ба номбурдагон суханони қабеҳ гуфта, шаъну шарафи онҳоро дар назди дигар шаҳрвандон паст задааст”.

Бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбат ба шаҳрванд Ҷонона Сайфиддинова барои дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ бо моддаи 460 (Майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, нисбаташ бо қарори суд ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз таъин карда шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.