Писари Асадулло Ғуломов бо 21 млн сомонӣ дар Ёвон кӯдакистон месозад

Соҳибкори шинохта Акбар Асадулло, писари собиқ муовини сарвазири Тоҷикистон Асадулло Ғуломов дар ноҳияи Ёвон барои 315 нафар кӯдакистон бунёд кардааст. “Сохтмони ин муассисаи тобмактабӣ дар маҳаллаи Абдураҳмони Ҷомӣ, ки дар он зиёда аз 14 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд, идома дорад”, – хабар додааст шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон. Акбар Асадулло рӯзи 4-уми июл зимни боздиди раиси вилоят […]

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Соҳибкори шинохта Акбар Асадулло, писари собиқ муовини сарвазири Тоҷикистон Асадулло Ғуломов дар ноҳияи Ёвон барои 315 нафар кӯдакистон бунёд кардааст.

“Сохтмони ин муассисаи тобмактабӣ дар маҳаллаи Абдураҳмони Ҷомӣ, ки дар он зиёда аз 14 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд, идома дорад”, – хабар додааст шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон.

Акбар Асадулло рӯзи 4-уми июл зимни боздиди раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ваъда додааст, ки иншооти мазкур “дар арафаи ҷашни 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт”.

Ин боғчаи бачагонаи хусусӣ аз се бино иборат буда, арзиши лоиҳавияш 21 миллион сомониро ташкил медиҳад. Он барои 315 нафар кӯдакон бунёд шуда, ҳамзамон 35 ҷойи нави корӣ фароҳам меорад.

Қобили зикр аст, ки Акбар Асадулло молики якчанд корхонаҳои истеҳсоли семент дар кишвар буда, “Хуаксин Ғаюр Семент” аз ҷумлаи онҳост. Ӯ тайи чанд соли охир дар ноҳияи Ёвон мактаб ва колеҷи фармасевтӣ сохтааст. Айни замон машғули бунёди як мактаб дар шаҳри Душанбе мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.