Се касро аз ғарқшавӣ дар “Баҳри тоҷик” наҷот доданд

Бо талоши ғаввосони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ дар вилояти Суғд се кас аз ғарқшавӣ дар “Баҳри тоҷик наҷот дода шуданд. Ин ҳодиса рӯзи 5-уми июли соли равон иттифоқ афтода, ду нафари ин наҷотёфтагон ноболиғ будаанд. Бино ба иттлои маркази матбуоти Кумита, нимаи дуюм рӯзи 5 июл кормандони бахши наҷоти […]

Бо талоши ғаввосони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ дар вилояти Суғд се кас аз ғарқшавӣ дар “Баҳри тоҷик наҷот дода шуданд. Ин ҳодиса рӯзи 5-уми июли соли равон иттифоқ афтода, ду нафари ин наҷотёфтагон ноболиғ будаанд.

Бино ба иттлои маркази матбуоти Кумита, нимаи дуюм рӯзи 5 июл кормандони бахши наҷоти Раёсат, ки дар обанбори “Баҳри Тоҷик”-и шаҳри Гулистон қисми навбатдорӣ ташкил кардаанд, 3 нафар шаҳрвандонро аз ғарқшавӣ наҷот доданд. Ду нафари онҳо ноболиғи 13-сола буда, яке 21 сол доштааст.

Бино ба гузориши Раёсат, ноболиғон сокинони шаҳри Хуҷанд ва ҷавони 21-сола зода ва сокини деҳаи Роғи ҷамоати Палдораки ноҳияи Мастчоҳ будаанд.

Дар ҳамин ҳол, аз ғарқшавӣ дар об ва ба ҳалокат расидани як сокини 22-сола дар дарёи Кофарниҳон гузориш расид. Бино ба гуфтаи сардори шуъбаи Кумита дар ноҳияи Рӯдакӣ, нисфирӯзии 5-уми июл як зодаи шаҳри Кӯлоб, ки ҳоло муваққатан дар хобгоҳи маҳалли Гипроземи шаҳри Душанбе истиқомат дошт, ҳангоми оббозӣ дар қаламрави деҳаи Қарияи Камари ноҳияи Рӯдакӣ дар Кофарниҳон ғарқ шудааст.

Гуфта мешавад, амалиёти ҷустуҷӯйи ҷасади ғарқшуда то фаро расидани торикӣ идома дошт, вале ҷасад пайдо нашуд. Корҳои ҷустуҷӯву наҷот дар минтақа идома дорад.

Танҳо зарфи ду рӯзи охир хабари марги 4 кас дар обҳои кишвар расид, ки ин наметавонад нигаронкунанда набошад. “Сабаби аслии ин ҳодисаҳои нохуш надонистани қоидаҳои шиноварӣ ва бепарвоии волидон аст, ки фарзандони ноболиғи худро танҳо ба оббозиву шиноварӣ иҷозат медиҳанд”, – қайд шудааст дар маълумоти Кумита.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.