Ҷавони 25-сола барои фурӯши силоҳи сард дар Душанбе дастгир шуд

Милитсияи пойтахт дар доираи амалиёти шартии «Корд» як сарчашмаи паҳнкунандаи чунин ашёро муайяну боздошт кардааст. Тибқи иттилои Раёсати ВКД дар Душанбе, ин нафар шаҳрванд Дидор Слезен, соли таваллудаш 1995, истиқоматкунандаи ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаи Наврӯз мебошад, ки бо мақсади хотири ба даст овардани маблағ ба фурӯши силоҳи сард, аз ҷумла, корд машғул будааст. Зимни санҷиш муайян карда […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Милитсияи пойтахт дар доираи амалиёти шартии «Корд» як сарчашмаи паҳнкунандаи чунин ашёро муайяну боздошт кардааст.

Тибқи иттилои Раёсати ВКД дар Душанбе, ин нафар шаҳрванд Дидор Слезен, соли таваллудаш 1995, истиқоматкунандаи ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаи Наврӯз мебошад, ки бо мақсади хотири ба даст овардани маблағ ба фурӯши силоҳи сард, аз ҷумла, корд машғул будааст.

Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки номбурда ашёи ба сифати силоҳи сард истифодашавандаро аз вилояти Суғд ба шаҳри Душанбе ворид карда, мефурӯхтааст. Дар ҷараёни амалиёт аз ӯ миқдори зиёди силоҳи сард, аз ҷумла, 2 дастчӯби оҳанин (дубинка), 2 электрошокер ва 23 адад кордҳои махсус дарёфту мусодира шуданд.

Бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбат ба ӯ барои фурӯши ғайриқонунии силоҳи сард протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори суд ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз татбиқ карда шуд.

Қобили зикр аст, ки мувофиқи моддаи 9-и Қонуни ҶТ «Дар бораи силоҳ», дар қаламрави Тоҷикистон фурӯши силоҳи сард манъ мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.