Дар ВМКБ ҷасади 2 нафари ғарқшударо ҷустуҷӯ доранд

Нимаи рӯзи 6 июл ҳангоми оббозӣ дар дарёи Шоҳдара дар ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ ҷавони 22-сола ва навраси 12-сола – сокинони деҳаи Парзудчии ҳамин ноҳия ғарқ шуданд. Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, ҷустуҷӯи ҷасадҳо то соати 23:30 идома ёфта, вале натиҷа ҳосил нашудааст. Субҳи имрӯз наҷотбахшон ҳамроҳи сокинони маҳаллӣ ва хешовандони ғарқшудаҳо ҷустуҷӯро […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Нимаи рӯзи 6 июл ҳангоми оббозӣ дар дарёи Шоҳдара дар ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ ҷавони 22-сола ва навраси 12-сола – сокинони деҳаи Парзудчии ҳамин ноҳия ғарқ шуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, ҷустуҷӯи ҷасадҳо то соати 23:30 идома ёфта, вале натиҷа ҳосил нашудааст.

Субҳи имрӯз наҷотбахшон ҳамроҳи сокинони маҳаллӣ ва хешовандони ғарқшудаҳо ҷустуҷӯро идома доданд.

“Барои пайдо кардани ҷасадҳо дастаи   махсуси зудамали наҷоти шаҳри Хоруғ равон карда шуд”, – қайд мешавад дар маълумот.

Тибқи маълумоти Кумита, аз оғози мавсими оббозӣ то охири моҳи июн дар Тоҷикистон беш аз 30 нафар ғарқ шуда, дар бештари ҳолатҳо ин ҳодисаҳо бар асари риоя накардани қоидаҳои рафтор дар об рух медиҳанд.

Сарфи назар аз огаҳиҳои чандинкаратаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода доир ба оббозӣ накардан дар ҷойҳои манъшуда, одамон ҷони худро ба хатар гузошта, ҳама гуна огаҳӣ ва тавсияҳоро нодида мегиранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио