Озмунҳои беҳтарин оила, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот ва шаҳрак дар Суғд

Date:

Бо қарори раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ озмуни вилоятии “Оила, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот ва шаҳраки беҳтарин” гузаронида мешавад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, озмун бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва дар доираи Нақшаи чорабиниҳои марбут ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ доир мегардад.

“Озмуни мазкур бо мақсади вусъат додани корҳои ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ, ҷалби бештари сармояи хориҷию ватанӣ баҳри таъмини рушди иҷтимоию иқтисодӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ,​ тарғиб ва оммавигардонии суннатҳои беҳтарини миллӣ баргузор хоҳад шуд”, – қайд мешавад дар хабар.

Гуфта мешавад, ғолибони озмун бо диплому вимпел ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида мешаванд. Аз ҷумла, ғолибони бахши Ҷамоати деҳот ва шаҳраки беҳтарин мутаносибан бо 6, 4 ва 2 ҳазор сомонӣ, деҳаи беҳтарин бо 4, 3 ва 2 ҳазор сомонӣ, кӯчаи беҳтарин бо ​ 4, 3 ва 2 ҳазор сомонӣ, маҳаллаи беҳтарин бо 4, 3 ва 2 ҳазор сомонӣ ва оилаи беҳтарин бо 3, 2 ва 1 ҳазор сомонӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...