Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Соҳибсултон Алиназарова аз олам даргузашт

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Соҳибсултон Алиназарова дар шаҳри Душанбе рӯзи 12-уми июл дар синни 76-солагӣ фавтидааст. Пайвандони ӯ ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд, ки солҳои охир марҳум аз бемории талха азият мекашид. Ӯро 13-уми июл дар шаҳри Хоруғ ба хок супурданд. Соҳибсултон Алиназарова 28-уми феврали соли 1944 дар маркази собиқ ноҳияи Бартанг – деҳаи Сипонҷ таваллуд шудааст. Соли 1960 […]

Asia-Plus

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Соҳибсултон Алиназарова дар шаҳри Душанбе рӯзи 12-уми июл дар синни 76-солагӣ фавтидааст.

Пайвандони ӯ ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд, ки солҳои охир марҳум аз бемории талха азият мекашид. Ӯро 13-уми июл дар шаҳри Хоруғ ба хок супурданд.

Соҳибсултон Алиназарова 28-уми феврали соли 1944 дар маркази собиқ ноҳияи Бартанг – деҳаи Сипонҷ таваллуд шудааст. Соли 1960 мактаби миёнаро дар шаҳри Хоруғ, соли 1964 Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе ва соли 1971 Институти давлатии санъати театрии ба номи А.В. Луначарскийи шаҳри Маскавро хатм кардааст.

Соли 1971 ба Душанбе баргашта, дар театри ба номи Маҳмудҷон Воҳидов солҳои тӯлонӣ кор мекард. Дар давоми фаъолияти эҷодии худ зиёда аз 150 нақши гуногунро дар театр, телевизион, радио ва синамо офаридааст.

Ӯ дар намоишномаҳои Зубайда аз “Духтари кӯҳсор”-и Расул Ғамзатов, Манзура аз “Гавҳари шабчароғ”-и Сотим Улуғзода ва ғайра нақш офаридааст. Барои иҷрои нақшҳои Лайлӣ дар “Қишлоқи тиллоӣ”-и Мирсаид Миршакар ва Ҷамила дар “Бой ва хизматгор”-и Ҳ. Ниёзӣ сазовори номи беҳтарин иҷрокунандаи нақши зан шудааст. Ҳамчунин дар филмҳои “Подоши амал”, “Худкуш”, “Ошно”, “Ҳазору як шаб” ва ғайра ҳунарнамоӣ кардааст.

Соҳибсултон Алиназарова ровии барномаҳои “Театр ва бачаҳо”, “Хоби ширин, хурдтаракон”, “Алифбоҷон, Алифбо” буд. Ӯ бо номи Қандалот аз “Алифбоҷон, Алифбо” машҳур гаштааст.

Се маротиба вакили мардумӣ аз ноҳияи Марказӣ (ҳоло Фирдавсӣ)-и пойтахт интихоб шудааст. Бонуи сол низ гардида буд.

Дар бисёр фестивалу озмунҳо иштирок карда, соҳиби ҷоизаҳо шудааст. Лауреати озмуни “Ҳунарпешаи сароянда” мебошад. Барои иҷрои беҳтарин “Суруди миллӣ” соли 1974 дар шаҳри Бухарести Руминия ғолиби озмун гардид. Рақси миллии ӯ дар шаҳри Еревани Арманистон барояш шоҳҷоиза оварда буд.

Барандаи мукофотҳои озмуни “Барги сабз” дар Бадахшони Афғонистон, Фестивали умумиҷаҳонии ҷавонон дар шаҳри Маскав (соли 1957), озмуни “Суруди халқии Бадахшонӣ” мебошад.

Соли 2009 бо унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон сарфароз шудааст. 

Соҳибсултон Алиназарова муаллифи драмаи «Навҳаи зан» ва ҳудуди 70 мақола мебошад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.