Русия карантини 14-рӯзаро барои аз хориҷа омадагон бекор мекунад

Аз 15 июл барои шахсоне, ки ба Русия ворид мешаванд, карантини ҳатмии 14-рӯза бекор карда мешавад. Дар ин бора дар қарори роҳбари Роспотребнадзор иттилоъ дода мешавад. Бино ба иттилои нашрияи Коммерсант, шахсоне, ки ба Русия меоянд, бояд бо худ маълумотнома (справка) дар бораи натиҷаи манфии коронавирус дошта бошанд, ки на дертар аз се рӯзи то […]

Asia-Plus

Аз 15 июл барои шахсоне, ки ба Русия ворид мешаванд, карантини ҳатмии 14-рӯза бекор карда мешавад. Дар ин бора дар қарори роҳбари Роспотребнадзор иттилоъ дода мешавад.

Бино ба иттилои нашрияи Коммерсант, шахсоне, ки ба Русия меоянд, бояд бо худ маълумотнома (справка) дар бораи натиҷаи манфии коронавирус дошта бошанд, ки на дертар аз се рӯзи то ворид шудан гирифта шуда бошад.

Гуфта мешавад, дар сурати надоштани чунин ҳуҷҷат, шахсони ба қаламрави Русия воридшуда бояд дар муддати се рӯз аз тест ба коронавирус дар ин кишвар гузаранд.

Дар ҳолати мусбат баромадани натиҷаи тест ё эҳсоси бад шудани вазъи солимӣ онҳо бояд то солим шуданашон худро аз дигарон ҷудо нигоҳ доранд.

Ёдрас мешавад, ки Русия ба ифтитоҳи иртиботи байнулмилалии ҳавоӣ аз 15 июл омодагӣ мегирад. Парвозҳо танҳо ба кишварҳое анҷом дода мешаванд, ки дар онҳо вазъияти вобаста ба коровирус мусоид ва қобили қабул аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.