Оғози лоиҳаҳои ҳавасмандии БОҶ дар Тоҷикистон ҳамчун чораи ҷавобӣ ба Covid-19

Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид (БОҶ) ба амалишавии лоиҳаҳои ҳавасмандкунӣ ҷиҳати иҷрои корҳои ҷамъиятӣ дар қисми шарқии Тоҷикистон оғоз намуд. Ин лоиҳаҳо 15 ҳазор нафар шахсони эҳтиёҷмандро, ки аз таъсири иҷтимоӣ ва иқтисодии COVID-19 зарар дидаанд, фаро хоҳанд гирифт. Тавассусти  лоиҳаҳои мазкур, ки барои се моҳ ба нақша гирифта шудаанд, 3 ҳазор нафар иштирокчӣ […]

Иттилоияи расмӣ

Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид (БОҶ) ба амалишавии лоиҳаҳои ҳавасмандкунӣ ҷиҳати иҷрои корҳои ҷамъиятӣ дар қисми шарқии Тоҷикистон оғоз намуд. Ин лоиҳаҳо 15 ҳазор нафар шахсони эҳтиёҷмандро, ки аз таъсири иҷтимоӣ ва иқтисодии COVID-19 зарар дидаанд, фаро хоҳанд гирифт.

Тавассусти  лоиҳаҳои мазкур, ки барои се моҳ ба нақша гирифта шудаанд, 3 ҳазор нафар иштирокчӣ ва аъзои оилаи онҳо барои иштирок дар корҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла барқарорсозӣ ва ё сохтмони объектҳо ба мисли каналҳои обёрикунанда, хатҳои оби нӯшокӣ ва ҷангалзорҳо дар деҳот, бо маблағи пулӣ ҳавасманд карда мешаванд.

“Гарчанде ин лоиҳаҳо ба оилаҳо дар қонеъ кардани ниёзҳои асосии хӯроквории онҳо кумак мерасонанд, инчунин тавассути ворид кардани пули нақд бозори маҳаллиро ҳавасманд мегардонанд ва дороиҳои дарозмуддатеро барои шахсоне, ки мо кӯмак мерасонем, эҷод мекунанд. Ин дороиҳо ба тамоми аҳолии деҳот хизмат хоҳанд кард”, –  қайд намуд намоянда ва директори Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Албэрто Коррейя Мендес.

Лоиҳаҳо дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Агентии Оғохон оид ба макони зист, Барномаи Ҷонибдории Инкишофи Иҷтимоии Манотиқи Кӯҳистон ва ташкилоти ҷамъиятии  “Имдоди деҳот” амалӣ мегарданд.

БОҶ ба оилаҳое, ки ба таври доимӣ аз ҷиҳати таъмини озуқаворӣ ноамн мебошанд, бахусус аксари оилаҳое, ки дар онҳо занон сарварӣ мекунанд ва ҳоло зери таъсири иҷтимоию иқтисодии марбут ба пандемия дар ҷаҳон қарор доранд, аз ҷумла таъсири болоравии арзиши маводи ғизоӣ ва коҳиши интиқоли маблағ аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатӣ, таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.

Барои мусоидат дар таъмини баробарии гендерӣ ва тавонмандии иқтисодии занон дар Тоҷикистон, БОҶ занонро дар амалишавии ҳамаи лоиҳаҳо ҷалб хоҳад кард ва кӯшиш менамояд 60% кӯмакгирандагонро занон ташкил диҳанд.

Аз соли 1993 инҷониб, БОҶ дар Тоҷикистон лоиҳаҳои мустаҳкамкунӣ, идоракунии хавфи офатҳои табиӣ ва мутобиқсозӣ ба тағйирёбии иқлимро амалӣ мекунад. Дар соли 2019, Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ тавассути лоиҳаҳои эҷоди устуворӣ дар саросари кишвар тақрибан ба 30,000 нафар кӯмак расонд.

Ғайр аз ин, БОҶ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои мустаҳкам намудани иқтидори омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулодда ва андешидани чораҳои ҷавобӣ Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои марбутаро дастгирӣ карда, ба таҳкими фаъолияти иқтидори Гурӯҳи фаврии арзёбӣ ва ҳамоҳангсозии ҳолатҳои фавқулодда ва Платформаи миллӣ оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ, саҳм мегузорад.

Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид ташкилоти бузургтарини башардӯстонаи ҷаҳон буда, ҳаёти одамонро дар ҳолатҳои фавқулодда наҷот медиҳад, шукуфоӣ ва ояндаи устувори одамонро аз низоъ, офатҳои табиӣ ва таъсири тағйирёбии иқлим барқарор мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.