Раҳбарияти гимназияи “Кафолат”: “Қаламравамонро қонунӣ васеъ мекунем”

Сокинони ноҳияи Синои пойтахт ба идораи “Азия-Плюс” муроҷиат намуда, изҳор доштанд, ки гимназияи “Кафолат”, ки дар наздикии хонаашон воқеъ аст, ғайриқонунӣ панҷараи атрофи манзили онҳоро кӯчонидааст, то ки қаламравашро васеъ кунад. Онҳо навори видеои кӯчонидани панҷара (девор)-ро ирсол карданд. Дар ҳамин ҳол, дар гиманазияи “Кафолат” дар мавиди ин масъала гуфтанд, онҳо ҳама корҳоро бар асоси […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Сокинони ноҳияи Синои пойтахт ба идораи “Азия-Плюс” муроҷиат намуда, изҳор доштанд, ки гимназияи “Кафолат”, ки дар наздикии хонаашон воқеъ аст, ғайриқонунӣ панҷараи атрофи манзили онҳоро кӯчонидааст, то ки қаламравашро васеъ кунад.

Онҳо навори видеои кӯчонидани панҷара (девор)-ро ирсол карданд.

Дар ҳамин ҳол, дар гиманазияи “Кафолат” дар мавиди ин масъала гуфтанд, онҳо ҳама корҳоро бар асоси қонун иҷро карда истодаанд.

“Соли гузашта дар яке аз ҷаласаҳо бо иштироки муовини сарвазир Азим Иброҳим оид ба масъалаи омодагӣ ба ҷашни 30-солагии истиқлолият нақшае қабул шуд, ки дар он пешниҳоди мо низ дар бораи бунёди бинои иловагии гимназия ворид шуд. Пас аз ин дар муддати сол ҳуҷҷатҳои зарурӣ гирифта шуданд”, – изҳор дошт ба “Азия-Плюс” директори гимназияи “Кафолат” Шариф Шарифхоҷа.

Ба гуфтаи ӯ, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ 1 ноябри соли 2019 таҳти №683 дар бораи ҷудо гардидани 23 сотих қитъаи замин барои сохтмони бинои иловагии гимназия амр ба имзо расонид.

“Ҳамаи мақомоту сохторҳо ба сохтмон иҷоза доданд. Намояндагони Кумитаи замин ва Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии Душанбе омада, қитъаи заминро ҷудо карданд. Қисме аз қитъаи замин дар қаламрави гимназия ва 9 сотих қисмати дигараш аз назди хонаи сеошёна мегузарад”, – шарҳ дод ӯ.

Шарифхоҷа қайд кард, ки вақте онҳо сохтмонро оғоз карданӣ шуданд, сокинони хона бо арзу шикоят ба Прокуратураи генералӣ, Дастгоҳи иҷроияи президент, суд ва шаҳрдории пойтахт муроҷиат карданд.

“Дар посух ба арзу шикояти онҳо мо ҳам ба прокуратураи шаҳи Душанбе муроҷиат кардем. Баррасии парванда ба дӯши прокуратураи ноҳияи Сино вогузор шуд. Рӯзи 20 июн Умед Раҳмонзода, прокурори ноҳияи Сино дар бораи бартараф намудани қонуншиканӣ аз ҷониби сокинон ҳалнома содир кард. Ҳалнома ҷиҳати иҷро ба сохторҳои дахлдори ҳокимияти маҳаллӣ фиристода шуда, онҳо ду маротиба панҷара (девор)-и хонаро кӯчониданӣ шуданд, лекин сокинон ба онҳо халал расониданд”, – иброз дошт Шариф Шарифхоҷа.

Зимнан зикр шуд, ки рӯзи 13 июл муовини аввали раиси ноҳияи Сино ҳамроҳ бо намояндагони ШВКД-и ноҳия ба ҷойи сохтмон омада, танҳо баъди ин муяссар шудааст, ки девор кӯчонида шавад.

“Рӯзҳои наздик ба корҳои сохтмон оғоз карданием”, – илова кард директори гимназия.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.