Вазорати энергетика: Корҳо тибқи лоиҳаи CASA-1000 то охири соли 2021 ба итмом мерасанд

Date:

Корҳои сохтмони хати интиқоли барқ дар доираи лоиҳаи энергетикии CASA-1000 дар муҳлати пешбинишуда анҷом меёбанд.

Зини нишасти матбуотӣ дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ изҳор шуд, ки пандемияи коронавирус, ки аксари кишварҳои ҷаҳонро фаро гирифт, ба ҷараёни корҳои сохтмон дар доираи лоиҳаи CASA-1000 монеъа эҷод накард.

“Корҳо мувофиқи нақша ҷараён доранд. То имрӯз ба ҷумҳурӣ зиёда аз 30% техникаи зарурӣ барои сохтмон оварда шуд. Тибқи мувофиқа бо Вазорати энергетика гуфтушунидҳо байни паймонкор Kalpataru и Nokili TALCO дар бораи харидории 1 780 км ноқил (кабел) ба маблағи 9,7 млн сомонӣ ба охир расиданд”, – гуфт муовини аввали вазири энергетика ва захираҳои об Ҷамшед Шоимзода.

Анҷоми амалисозии лоиҳаи сохмтони қисмати тоҷикистонии лоиҳаи CASA-1000 то охири соли 2021 ба нақша гирифта шудааст.

Ёдрас мекунем, ки амалисозии лоиҳаи CASA-1000 ба Тоҷикистону Қирғизистон имкон медиҳад, ки ба Афғонистону Покистон дар ҳаҷми 1300 МВт дар як сол (70% – аз Тоҷикистон ва 30% – аз Қирғизистон) нерӯи барқ содирот намоянд. Ҳадафи лоиҳа дар мавсими тобистон роҳандозӣ кардани содироти нерӯи барқи зиёдатии Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон унвон мешавад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Арзиши умумии лоиҳа беш аз 1 млрд долларро ташкил медиҳад. Хароҷоти лоиҳа байни кишварҳо тариқи зайл тақсим шудааст: Тоҷикистон – $314 млн., Қирғизистон – $209 млн., Афғонистон – $354 млн. ва Покистон – $209 млн.

Сармоягузорони қисмати тоҷикистонии лоиҳа ниҳодҳои молиявии байнулмлалӣ, аз қабили Бонки ҷаҳонӣ, Бонки аврупоии таҷдиду рушд, Бонки исломии рушд, ҳукумати Британияи Кабир ва дигарон мебошанд.

Аз ҷумлаа барои амалисозии қитъаи сохтмони лоиҳа дар Тоҷикистон Бонки ҷаҳонӣ 45 млн, Бонки исломии рушд – 70 млн ва Бонки аврупоии таҷдиду рушд – 110 млн доллар маблағ ҷудо мекунанд.

Ба сохтмони иншооти CASA-1000 дар Тоҷикистон ширкати АВВ-и Шветсия ва ширкати Kalpataru Power Transmission Ltd-и Ҳиндустон машғуланд.

Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, тибқи лоиҳаи CASA-1000 ва созишномаҳои қаблан имзошуда содироти нерӯи барқ ба муҳлати 15 сол пешбинӣ шудааст.

Дар ин муҳлат бозгардонии маблағҳои сармоягузорӣ ва гирифтани даромад дар назар буда, инчунин арзиши нерӯи барқи дар ин давра интиқолмешуда муайян гардидааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...