Хадамоти зиддиинҳисорӣ асоснокии болоравии нархи гази моеъро месанҷад

Нархи гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши Тоҷикитсон то 4,40 сомонӣ боло рафта, ба гароншавии хизматрасонии такси ва нақлиёти боркаш боис гардид. Ба ақидаи сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон Абдумаҷид Муминзода, ҳозир қимат шудани газ ба манфиати худи ширкатҳои воридкунанда низ нест, зеро ронандагони автомашинаҳо метавонанд ба истифодаи бензин гузаранд. “Нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ метавонанд мизоҷони […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Нархи гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши Тоҷикитсон то 4,40 сомонӣ боло рафта, ба гароншавии хизматрасонии такси ва нақлиёти боркаш боис гардид.

Ба ақидаи сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон Абдумаҷид Муминзода, ҳозир қимат шудани газ ба манфиати худи ширкатҳои воридкунанда низ нест, зеро ронандагони автомашинаҳо метавонанд ба истифодаи бензин гузаранд.

“Нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ метавонанд мизоҷони худро аз даст дода, мутаносибан даромадашон ҳам кам мешавад”, – иброз дошт ӯ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе.

Тибқи маълумоти санҷиши Хадамоти зиддиинҳисорӣ оид ба ин масъала, арзиши аслии яклухти воқеии як литр гази моеъ дар бозори дохилӣ 3 сомониву 20 дирамро ташкил медиҳад.

Айни замон гурӯҳҳои кории Хадамоти зиддиинҳисории кишвар ба санҷиши як қатор ширкатҳои воридкунандаи газ дар мавриди ин масъала оғоз кардаанд.

“Дар сурати ошкор шудани беасос боло бурдани нарх қонуншиканон ҷазои маъмурӣ мегиранд”, – ваъда дод роҳбари Хадамот.

Зикр шуд, ки 15 ширкат ба таҳвили гази моеъ аз хориҷи кишвар ба ҷумҳурӣ машғуланд ва ҳиссаи ҳеҷ кадоме аз онҳо беш аз 20% нест. Ширкати ватании “Алад” ба 17% ва “Газпром” – ба 8,4% ҳиссаи бозори гази моеъ дар Тоҷикистон соҳибанд.

Қобили зикр аст, ки бинобар мавҷуд набудани субъектҳои хоҷагидоре, ки дар бозори гази моеъ мавқеи ҳукмфармо дошта бошанд, Хадамоти зиддинҳисорӣ ба дахолат дар ҷараёни нархгузории газ ҳуқуқ надорад.

Мувофиқи қонунгузории зиддиинҳисорӣ, субъекти хоҷагидоре, ки ҳиссаи он дар ин ё он бозор на камтар аз 35%-ро ташкил медиҳад ё се ширкате, ки ҳиссаашон дар бозор на камтар аз 50% ва ё панҷ субъекте, ки ҳиссаашон дар бозор на камтар аз 70%-ро ташкил медиҳад, субъекти ҳукмфармо шуморида мешаванд.

Тоҷикистон ҳамасола ба зиёда аз 400 ҳазор тонна гази моеъ ниёз дорад. Бино ба маълумоти Вазорати энергетика, соли гузашта ба ҷумҳурӣ беш аз 430 ҳазор тонна гази моеъ ворид гардида буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.