Муҷозоти 173 мансабдори давлатӣ барои хунукназарӣ нисбат ба харҷи маблағҳои буҷет

Тӯли 6 моҳи соли ҷорӣ барои хунукназарӣ зоҳир намудан нисбат ба хароҷоти маблағҳои буҷетӣ 173 мансабдори давлатӣ ба ҷавобгарии интизомӣ ҷалб шуданд. Раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон Қарахон Чиллазода зимни нишасти матбуотӣ дар ин робита изҳор намуд, ки нимсолаи аввал аудиторони Палата ҷиҳати ошкор кардани истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷет дар 111 муассисаи давлатӣ санҷиш гузарониданд. “Аз […]

Аваз Юлдошев

Тӯли 6 моҳи соли ҷорӣ барои хунукназарӣ зоҳир намудан нисбат ба хароҷоти маблағҳои буҷетӣ 173 мансабдори давлатӣ ба ҷавобгарии интизомӣ ҷалб шуданд.

Раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон Қарахон Чиллазода зимни нишасти матбуотӣ дар ин робита изҳор намуд, ки нимсолаи аввал аудиторони Палата ҷиҳати ошкор кардани истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷет дар 111 муассисаи давлатӣ санҷиш гузарониданд.

“Аз рӯйи натиҷаҳои санҷиш ба маблағи 89 млн сомонӣ зиён ошкор гардида, зарари расонида пурра барқарор шуд”, – иброз дошт ӯ.

Ба гуфтаи ӯ, баргузории санҷишҳои аудиторӣ дар муассисаҳои давлатӣ 45 адад кам шуда, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта маблағи зиёни ошкоршуда қариб 6,3 ҳазор сомонӣ зиёд шудааст.

Раиси Палатаи ҳисоб ҳамчунин қайд кард, ки бо дастури президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Палата аввали сол санҷишҳои аудиториро дар 27 корхонаи истеҳсолкунандаи семент ва маъданҳои кӯҳии кишвар бекор кард.

Зикр шуд, ки сарвари давлат бо мақсади беҳубди самаранокии фаъолият санҷишҳои аудиториро дар ин корхонаҳо бекор кард.

“Бекор шудани санҷишҳо ба паҳншавии сирояти коронавирус дахл надорад, президент онҳоро ҳанӯз аввали моҳи январ, хеле пештар аз пайдо шудани пандемия дар Тоҷикистон бекор карда буд”, – илова кард Чиллазода.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.