Шӯрои амният вазъи мураккаби сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ кард

Date:

Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 21-уми июл ҷаласаи Шӯрои амниятро дар робита ба вазъи мураккаби сарҳади Тоҷикистону Афғонистон баргузор кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ҷаласа масъалаи мураккаб шудани вазъ дар сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, дар минтақаи ҷанубии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мавриди баррасии Шӯрои амнияти кишвар қарор дода шуд.

Бо назардошти шадид гардидани вазъи сиёсӣ дар ин минтақа раисҷумҳур ба аъзои Шӯрои амният, роҳбарони сохторҳои низомӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот дастур дод, ки барои таъмини амнияти давлату миллат дар минтақаи сарҳади давлатии ҳамҷавори Тоҷикистон бо Афғонистон чораҳои мушаххас андешанд. 

Ҳамчунин сарвари давлат супориш дод, ки дар баробари пурзӯр кардани иқтидори ҳимоявӣ ба масъалаи пешгирии қонуншиканӣ дар сарҳади давлатӣ, аз ҷумла пешгирии ҷинояткории фаромиллӣ, терроризму экстремизм ва қочоқи маводи мухаддир таваҷҷуҳи махсус равона созанд.

Супоришҳои мушаххас ҳамчунин доир ба пурзӯр кардани қудрати мудофиавии давлат, тақвият бахшидани ҳифзи марзи давлатӣ, боло бурдани сатҳи омодагии ҷузъу томҳои низомӣ ва беҳсозии таъминоти моддию техникии онҳо, таҳкими интизоми ҳарбӣ, баланд бардоштани рӯҳияи маънавӣ, ҳисси ватандӯстию масъулиятшиносӣ ва таҷрибаву маҳорати касбии муҳофизони марзу буми кишвар, кормандони мақомоти судӣ, сохторҳои низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқу тартибот дода шуд.

Дар кори ҷаласа аъзои доимии Шӯрои амният, раиси Суди Олӣ, роҳбарони сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот иштирок карданд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...