Дар Олмон тоҷикистонӣ ба омодасозии амали террористӣ ва маблағгузории ДОИШ айбдор шуд

Додситонии федералии Олмон рӯзи 21 июл дар бораи эълони айбнома нисбат ба як зодаи Тоҷикистон хабар дод. Бино ба иттилои хабаргузории мустақили “Ахбор”, алайҳи зодаи Тоҷикистон Равшан Б., ки аз моҳи марти соли 2019 дар ҳабс қарор дорад, бо иттиҳоми узвият дар созмони террористии «Давлати исломӣ» (ДОИШ), омодагӣ ба анҷоми ҳамлаҳои террористӣ дар Олмон аз […]

Akhbor.com

Додситонии федералии Олмон рӯзи 21 июл дар бораи эълони айбнома нисбат ба як зодаи Тоҷикистон хабар дод.

Бино ба иттилои хабаргузории мустақили “Ахбор”, алайҳи зодаи Тоҷикистон Равшан Б., ки аз моҳи марти соли 2019 дар ҳабс қарор дорад, бо иттиҳоми узвият дар созмони террористии «Давлати исломӣ» (ДОИШ), омодагӣ ба анҷоми ҳамлаҳои террористӣ дар Олмон аз номи ДОИШ, ғайриқонунӣ гардондани силоҳи оташфишон ва маблағгузории созмони террористӣ айбнома эълон шудааст.

Гуфта мешавад, додситонии Олмон гуфтааст, то имрӯз даст доштани Равшан Б. дар нақшаи нокоми сӯиқасд ба ҷони як соҳибкор дар Албания дар ивази 40 ҳазор евро, қасди куштори як мунтақиди Ислом бо фармони ДОИШ ва интиқоли 1000 евро ба ҷангиёни ДОИШ дар Сурия тавассути як гумошта дар Туркия собит шудаааст.

Манобеи «Ахбор» изҳор доштаанд, ки Равшан Б. – зодаи шаҳри Душанбе бо номи Равшан Баротов аст, ки занаш аз Литва аст ва онҳо ду фарзанд дошта, чандин сол боз дар Олмон ба сар мебурданд. Он мунтақиди Ислом, ки инҳо куштанӣ буданд, бино ба иттилои дарёфтӣ, як блогери паноҳҷӯ аз Олмон аст, ки видеои китоби «Қуръон»-ро намоишкорона сӯзонданашро дар Интернет нашр карда буд.

Моҳи марти соли 2019 ҳамроҳи Равшан Б. 11 зодаи дигари Тоҷикистон низ дастгир шуда буданд, вале онҳоро баъдан раҳо карданд. Аммо рӯзи 15 апрели соли 2020 дар чорчӯби парвандаи Равшан Б. боз 4 зодаи Тоҷикистон – Азизҷон Б., Муҳаммадалӣ Г., Фарҳодшоҳ К. ва Сунатуллоҳ К. – дастгир шуданд.

Як зодаи дигари Тоҷикистон – Комрон Зуҳуров – дар поёни моҳи апрел дар чорчӯби ҳамин парванда дар Албания дастгир шуд ва додгоҳи Албания алакай ҳукми истирдоди ӯ ба Олмонро содир кардааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?