“Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” 211 млн сомонӣ қарзҳои амонатгузоронро пардохтанд

Давоми шаш моҳи соли ҷорӣ “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” 211 млн сомонӣ қарзҳои амонатгузоронро баргардониданд. “Тоҷиксодиротбонк” шумори қарздорони худро аз 9 ҳазор то 4 ҳазор нафар кам кард. Бонк мо қарордоди хуб дошт, лекин алҳол иҷрои он муяссар нашуд. Намехоҳем ҳамаашро ба сари пандемияи коронавирус бор кунем, лекин сарҳадҳо ва алоқаи ҳавоӣ баста шуда, онҳо қарордодҳоро […]

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Давоми шаш моҳи соли ҷорӣ “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” 211 млн сомонӣ қарзҳои амонатгузоронро баргардониданд.

“Тоҷиксодиротбонк” шумори қарздорони худро аз 9 ҳазор то 4 ҳазор нафар кам кард. Бонк мо қарордоди хуб дошт, лекин алҳол иҷрои он муяссар нашуд. Намехоҳем ҳамаашро ба сари пандемияи коронавирус бор кунем, лекин сарҳадҳо ва алоқаи ҳавоӣ баста шуда, онҳо қарордодҳоро иҷро карда натавонистанд. Ин маънои онро надорад, ки масъулияти бонкҳо назди амонатгузорон бардошта мешавад”, – хабар дод зимни нишасти матбуотии рӯзи 22 июл раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҷамшед Нурмаҳмадзода.

Раиси Бонки миллӣ ҳамчунин изҳор дошт, ки “Фононбонк” ва “Тоҷпромбонк” ба амонатгузорони худ 65 млн сомонӣ қарздоранд.

“Қарзи “Фононбонк” ба амонатгузорон 12 млн сомонӣ ва “Тоҷпромбонк” 53 млн сомониро ташкил медиҳад. Тибқи баҳогузории комиссияи ҳукумат, онҳо қарзҳояшонро аз ҳисоби фурӯши амвол пардохт карда метавонанд. Мо чандин маротиба бо амонатгузорони ин бонкҳо вохӯрда, мувофиқи имкон кумак кардем. Онҳо 1000, 2000-сомонигӣ мегиранд, лекин ба ивази пулҳои худ амвол гирифтан намехоҳанд. Аз ин рӯ, онҳоро лозим меояд, ки мунтазир шаванд, то ки бонкҳо амволашонро фурӯхта қарзи онҳоро баргардонанд”, – қайд кард Нурмаҳмадзода.

Қобили зикр аст, ки ду бонки бузурги Тоҷикистон – “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” аз соли 2015 дар буҳрон қарор доранд.

Иҷозатномаҳои фаъолияти “Тоҷпромбонк” ва “Фононбонк” аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон моҳи феврали соли 2017 бозхонда шуданд, зеро ин бонкҳо ба минбаъд хизматгузорӣ барои мизоҷон худ имкон надоштанд.

Аввали моҳи марти соли 2017 Суди иқтисодии Душанбе дар бораи оғози маҷбурӣ барҳамдиҳии ин ташкилотҳои қарзӣ қарор қабул кард. Тибқи маълумоти ҳукумати кишвар, дар рӯйхати амволи “Тоҷпрмбонк” 117 иншоот ва “Фононбонк” – 37 иншоот зикр шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.