Сармутахассиси шаҳрдории Кӯлоб 12 ҳамдиёри худро ба маблағи 156 ҳазор сомонӣ фиреб дод

Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз рӯйи далели содир намудани як силсила қаллобӣ мутахассиси пешбари бахши саноат, энергетика ва нақлиёту коммуникатсияи шаҳрдории Кӯлоб Саидмумин Давлатовро боздошт намуданд. Бино ба иттилои маркази матбуоти Агентии зиддифасод, ӯ дар 12 ҳолат бо роҳи фиреб ба боварии сокинони шаҳр даромада, ба онҳо мусоидат дар […]

Asia-Plus

Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз рӯйи далели содир намудани як силсила қаллобӣ мутахассиси пешбари бахши саноат, энергетика ва нақлиёту коммуникатсияи шаҳрдории Кӯлоб Саидмумин Давлатовро боздошт намуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Агентии зиддифасод, ӯ дар 12 ҳолат бо роҳи фиреб ба боварии сокинони шаҳр даромада, ба онҳо мусоидат дар гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ваъда мекунад.

“Дар умум мансабдор аз онҳо 156 ҳазор сомонӣ маблағ гирифта, ба манфиати худ истифода намудааст”, – қайд мешавад дар хабар.

Гуфта мешавад, оид ба ҳолатҳои мазкур нисбати Давлатов С.Г. бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии ҶТ (Қаллобӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, он баъди анҷоми тафтиши пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шудааст.

Дар ин модда то 12 соли зиндон бо маҳрум шудан аз ҳуқуқи ишғоли вазифаҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то 5 сол ҷазо пешбинӣ шудааст.

Ёдрас мекунем, ки чанде қабл барои ҷудо кардани қитъаҳои замин ҷиҳати сохтмони иншооти гуногун ва гирифтани пора ба маблағи 400 ҳазор сомонӣ раиси шаҳри Кӯлоб Баҳром Иноятзода боздошт шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.