Коҳиши назарраси суръати афзоиш дар истеҳсоли металлҳои қиматбаҳо

Корхонаҳои саноати истихроҷи маъданҳои кӯҳии Тоҷикистон тӯли 6 моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли тилло ва нуқраро мутаносибан ба андозаи 7,1% ва 7,2% зиёд карданд. Дар ин бора Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ хабар дода, лекин дар бораи ҳаҷми умумии истеҳсоли ин навъи металлҳои қиматбаҳо маълумот намедиҳад. Қаблан дар Вазорати саноат изҳор дошта буданд, ки […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Корхонаҳои саноати истихроҷи маъданҳои кӯҳии Тоҷикистон тӯли 6 моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли тилло ва нуқраро мутаносибан ба андозаи 7,1% ва 7,2% зиёд карданд.

Дар ин бора Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ хабар дода, лекин дар бораи ҳаҷми умумии истеҳсоли ин навъи металлҳои қиматбаҳо маълумот намедиҳад.

Қаблан дар Вазорати саноат изҳор дошта буданд, ки тайи панҷ соли охир ҳаҷми солонаи истеҳсоли тилло ба ҳисоби миёна 20%-ро ташкил дода, солҳои наздик дар ҳамин сатҳ нигаҳдории истеҳсоли он ба нақша гирифта шудааст.

Дар Вазорат бар ин назаранд, ки барои ин дар ҷумҳурӣ ҳамаи шароитҳо муҳайё карда шудааст. Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли ин нави металли гаронбаҳо асосан аз ҳисоби амалисозии лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ дар конҳои Таррор, Чоре, Пакрут ва ғайра дар назар дошта шудааст.

Тайи солҳои охир ҳаҷми истеҳсоли тилло беш аз 4 баробар афзуд: аз 2 тонна дар соли 2014 то ба қариб 8,1 тонна дар соли 2019.

Истеҳсоли металлҳои қиматбаҳо дар соли ҷорӣ асосан аз ҷониби ду корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин – Зарафшон” (81% аз ҳаҷми умумии истеҳсол) ва “Пакрут” (13%) таъмин шудааст.

Дар Вазорати саноат қайд мекунанд, ки тиллои дар нимсолаи аввал дар ҷумҳурӣ истеҳсолшуда аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон, Вазорати молияи кишвар ва корхонаҳои истеҳсоли маснуоти заргарӣ харидорӣ шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.