Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон қабули ҳамарӯзаи шаҳрвандонро ба роҳ мондааст

Date:

Қабули шаҳрвандон дар дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон илова ба рӯзи шанбе ҳамарӯза аз соати 15:00 то соати 17:00 роҳандозӣ шудааст.

Тибқи иттилои маркази матбуоти вазорат, қабули шаҳрвандон бо мақсади расидагӣ ба дархосту муроҷиатҳо, баррасӣ ва ҳаллу фасли саривақтии онҳо гузаронида мешавад.

“Мушоҳидаҳои солҳои қаблӣ нишон дод, ки ҳар сол пеш аз оғози соли нави таҳсил ва баъд аз тақсимоти довталабон аз ҷониби Маркази миллии тестии назди Президенти ҶТ дархосту муроҷиатҳои шаҳрвандон ба Вазорати маориф ва илми ҶТ зиёд шуда, ҳамарӯза аз даҳ то сад нафар шаҳрвандон ба дастгоҳи марказии вазорат муроҷиат мекунанд”, – навиштааст маркази матбуот.

Ҳамчунин зикр шудааст, ки қабули шаҳрвандон аз ҷониби вазир, муовини якум ва муовинони вазири маориф ва илм роҳандозӣ шуда, то оғози соли нави таҳсил идома меёбад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...