Ширкатҳои Тоҷикистон ба маблағи 2,7 млн евро ба хориҷи кишвар ниқоб фурӯхтанд

Тӯли 6 моҳи соли равон дар корхонаҳои Тоҷикистон зиёда аз 8 млн ниқоби тиббӣ истеҳсол карда шуд. Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Заробиддин Файзуллозода зимни нишасти хабарии рӯзи 28 июл изҳор дошт, ки аз ин шумор зиёда аз 2,7 млн ниқоб ба хориҷи кишвар содирот шуд. “Ҷиҳати пешгирии паҳншавии бемории сироятӣ, аз ҷониби як […]

Тӯли 6 моҳи соли равон дар корхонаҳои Тоҷикистон зиёда аз 8 млн ниқоби тиббӣ истеҳсол карда шуд.

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Заробиддин Файзуллозода зимни нишасти хабарии рӯзи 28 июл изҳор дошт, ки аз ин шумор зиёда аз 2,7 млн ниқоб ба хориҷи кишвар содирот шуд.

“Ҷиҳати пешгирии паҳншавии бемории сироятӣ, аз ҷониби як қатор корхонаҳои саноати сабук истеҳсоли номгӯи нави маҳсулот, аз ҷумла дока, ниқоб ва халатҳои махсуси муҳофизатии тиббӣ ба роҳ монда шуд, – гуфт вазир. – Аз ин миқдор беш аз 2 млн 700 ҳазор дона ниқоб бо нархи 1 евро ба Италия ва Сербия фурӯхта шуд”.

Дар самти истеҳсоли халатҳои муҳофизатии махсус 17 корхонаи саноати сабук машғул буда, дар ин давра 55 ҳазор дона ин навъи либос истеҳсол кардаанд.

“Дар давраи пандемия корхонаҳои Тоҷикистон истеҳсоли воситаҳои антисептикӣ ва шустушӯро зиёд карданд. Дар ширкатҳои «Сатурн-1», «Баҳор косметик групп», «Покофар», «Давои Сино», «Фарм Суғд», «Тоҷикхимпром» ва дигар корхонаҳо зиёда аз 200 ҳазор воситаҳои шустан, 190 литр воситаҳои антисептикӣ, 125 тонна собуни мушкин, 255 тонна хлор, 260 тонна гипохлориди натрий истеҳсол шуд”, – қайд кард Файзуллозода.

Тибқи маълумоти Вазорат, давоми моҳҳои январ-июни соли равон дар корхонаҳои саноати сабуки кишвар, аз ҷумла корхонаҳои коркард ба маблағи беш аз 781,4 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 32,7 млн сомонӣ зиёдтар буда, суръати афзоиш 104,4%-ро ташкил додааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.